ҶОНАМ, ФИДОИ ИН ВАТАН!
Ватан - маконест, ки мо қадамҳои нахустини худро гузоштаем ва аз оби ширину поки он нӯшидаем, аз ҳавои софу беғубораш нафас мекашем.
Аз ин рӯ, чун модар дӯсташ медорем. Ватан чун модари меҳрубоне аст, ки мо дар домони он ба камол расидаем. Модар агар моро ба дунё оварда бошад, Ватан моро парастиш карда, барои идомаи зиндагии рангин ба оғӯш гирифтааст. Муҳаббат ба Ватан аз давраи кӯдакӣ зоҳир шуда, минбаъд ташаккул меёбад. Ҳар як ҷавони ватандӯсти кишвар бояд барои хизмати Модар - Ватан омода бошад ва барои ҳифзи он ҷонро дареғ надорад. Ватандӯстӣ яке аз муҳимтарин хусусиятҳои шахсияти ҳамаҷониба рушдёфта мебошад. Аз ин лиҳоз мебояд, ки омӯзгорон дар муассисаҳои таълимӣ ҳарчӣ бештар хонандагонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намоянд ва ҳисси ватандориро дар онҳо бедор намоянд, то ки онҳо ба қадри ин меҳан бирасанд.
Дар ин радиф бояд қайд намоем, ки ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва волоияти қонун дар мамлакати мо бештар аз сатҳи маърифати шаҳрвандон ва тарбияи ватандӯстӣ вобаста аст. Тарбияи ватандӯстӣ дар шароити муосир ин раванди ҳадафмандона, аз ҷиҳати маънавӣ муайяншудаи тарбияи насли наврас барои фаъолият ва ҳамкорӣ дар ҷомеаи демократӣ, фаъолияти меҳнатии ташаббускор, иштирок дар идоракунии корҳои давлатӣ - ҷамъиятӣ, амалӣ намудани ҳуқуқу ӯҳдадориҳо ва баланд бардоштани маърифати ахлоқӣ мебошад. Фаҳмиши ватандӯстӣ анъанаи амиқи назариявӣ дорад, ки аз замонҳои қадим оғоз карда шудааст.
Ниҳоят гуфта метавонем, ки ватандӯстӣ яке аз муҳимтарин арзишҳои пойдор дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат буда, сарвати муҳимтарини маънавии шахсият, сатҳи баландтарини рушдро тавсиф менамояд ва худро дар татбиқи фаъолияти худ ба манфиати Ватан нишон медиҳад.
Имрӯз ҳар як фарди Тоҷикистони соҳибистиқлол, бояд шукронаи тинҷию оромии Ватани азизамонро кунад ва саҳми арзандаи худро дар пешрати кишвар гузорад.
Барои Ватан ҷон фидо мекунам,
Ватан ҳар чӣ гӯяд, адо мекунам.
Лобар Қосимова, аъзои фаъоли КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.