Иҷтимоиёт

АКСИЯИ ТАРҒИБОТӢ

"Хизмат дар куввахои мусаллах шараф аст" тахти чунин унвон аксияи тарғиботӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ гузаронида шуд. Ба ҷавонони синни даъватӣ варақаҳои тарғиботӣ, ки ифодагари ватандӯстиву меҳанпарастӣ буд, тақсим карда шуд.

Тасвир – гузориш аз рафти баргузории аксияи тарғиботӣ

МАКТАБИ ВАТАНДОРӢ, САДОҚАТ БА ХАЛҚИ ХУД

Санаи 15-уми феврал ҳамасола чун рўзи ҷанговарони интернатсионалист дар саросари кишвар ҷашн гирифта мешавад. Аз он рўзе, ки сарбозону афсарони қӯшунҳои маҳдуди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттифоқи Шўравӣ аз хоки Афғонистон бароварда шуданд, 32 сол гузашт. Ҷанге, ки дар Афғонистон аскарону афсарони Шўравӣ дар он ширкат варзиданд, даҳ сол давом кард ва боиси қаҳрамонию шуҷоати ҳазорон нафар сарбозони далери Иттифоқи Шўравӣ гардид.

Ҳарчанд, ки аз он рўзҳо солҳо гузашта бошад ҳам, хотираи қаҳрамониву шуҷоати онҳо аз дилу дидаи мардум дур намеравад. Дар он солҳо ҷавонмардони тоҷик низ баҳри адо намудани қарзи интернатсиолистии худ дар муҳорибаҳои ҷанги Афғонистон ҷони худро фидо карданд, ки боиси ифтихор аст.

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.