Иҷтимоиёт

ВУСЪАТИ КОРҲОИ ТАРҒИБОТӢ БО УСУЛИ "ДЕҲА БА ДЕҲА" ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ОВЧИҚАЛЪАЧА

      Дар доираи густариши корҳои тарғиботию ташвиқотӣ, аъзоёни гуруҳи тарғиботии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мулоқотеро бо сокинони деҳаи "Қалъача"-и ҷамоати деҳоти Овчиқалъача баргузор намуданд. Ин мулоқот бо усули "Деҳа ба деҳа" ва "Маҳалла ба маҳалла" сурат гирифт, ки ҳадафаш наздиктар шудан ба мардум ва расонидани паёмҳои муҳим мебошад. Дар ин мулоқот Акпархоҷаева Сайёрахон, Раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Мавлуда Ҷӯраева, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Фирӯз Искандаров, сардори Раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия, Баҳриддин Баҳодурзода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд.

   Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Сайёра Акпархоҷаева зимни мулоқот бо сокинон оид ба муҳтавои мулоқоти судманди Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 17 июли соли 2025 дар шаҳри Душанбе, дар маҷлиси васеи КИМ ҲХДТ бо ҳизбиён баргузор гардид, ибрози назар намуд. Қайд карда шуд, ки дар ин мулоқот Пешвои муаззами миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муҳаббати хос ба Ватан ва ғамхории падарона ба ҳозирон аз хатарҳои ҷаҳони имрӯз, талошҳои расидан то ба ин рӯзҳои нек ва гузаштан аз садҳо мушкилот сухан гуфта, таъкид доштанд, ки яке аз воситаҳои таъсиррасон барои рушди кишвар бо ҳам саводноку бомаърифат шудани ҷомеа мебошад. Ҳамчунин, Раиси кумиҷроияи ноҳиявӣ дар бораи боз як сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, доир ба насб намудани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боми хонаи ҳар як сокини кишвар ва дар ҳар оила ҷашн гирифтани Рӯзи Истиқлоли давлатӣ бо ифтихормандӣ сухан ронд.

   Дигар аъзоёни гурӯҳи корӣ низ реҷеъ ба масъалаҳои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии шаҳрвандон, риояи қонунгузорӣ, ҷойҳои холии корӣ барои шахсони корҷӯ, аз ҷумла ҷойҳои корӣ дар НБО бо шарту шароитҳои хуб, пешгирии шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ, масъалаҳои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рисолати шаҳрвандӣ, роҳ надодан ба хурофот, истифодаи босамари неруи барқ, самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замини наздиҳавлигӣ ибрози назар карданд.

Хабарнигори “Парвозгоҳи бузургон”

РУШДИ ҶОМЕА ТАВАССУТИ ТАНЗИМИ РАСМУ ОИН

«… ба халқи шарифи худ, хусусан ба падару модарон муроҷиат менамоям, ки маблағи ёфтаи худро ба ҷои ба маросимҳои беҳудаву нодаркор ва серхароҷот барбод додан, ба ғизои дурусти оилаи худ, беҳбуди шароити зист ва таълиму тарбияи шоистаи фарзандони худ сарф намоянд.»

Эмомалӣ Раҳмон

     Тоҷикистон – кишваре, ки ба танзими расму оинҳо қонун қабул кард. Ин иқдом на танҳо иқтисоди оилаҳоро мустаҳкам намуд, балки ба таҳкими арзишҳои миллӣ ва мубориза бо хурофотпарастӣ мусоидат кард.

     Солҳо мегузаранд, аммо рӯзгоре буд, ки ҷашну маросимҳои пурдабдаба бо харҷи зиёд на танҳо бори гарон бар дӯши мардум буд, балки ба амнияти ҷомеа низ таҳдид мекард. Маҳз дар ҳамин давра, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тасмими муҳим гирифта шуд: қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон». Ин санад, ки инак 15 сол боз дар хидмати мардум аст, аз назари бисёриҳо як қонуни миллӣ ва зиндагисоз эътироф шудааст.

    Қонуни мазкур на танҳо расму оинҳоро танзим кард, балки мардумро ба фарҳанги рӯзгордорӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва суннатҳои мардумӣ ҳидоят намуд. Он дар роҳи солимгардонии ҷомеа ва мустаҳкам намудани оила заминаи устувор гузошт, зеро ҷомеаи солим аз оилаи мустаҳкам оғоз меёбад. Мақсади асосии қонун гузаронидани тӯю маъракаву маросимҳо ба таври камхарҷу замонавӣ мебошад.

    Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки қабл аз қабули ин қонун, ба ҳар оилаи тоҷик тақрибан 70 маъракаву маросим, аз ҷумла 10 маросими азодорӣ ва беш аз 60 маъракаи хурсандӣ рост меомад. Қисме аз ин маросимҳо ба сабаби серхарҷ буданашон боиси пайдоиши зуҳуроти манфӣ дар ҷомеа гардида, ба оилаҳои камбизоат зарари зиёд мерасониданд ва боиси исрофкорӣ мешуданд. Бузургони илму адаби форсу тоҷик низ ҳамеша ба ин масъала таваҷҷуҳ доштанд. Унсурмаолии Кайковус дар «Қобуснома» таъкид кардааст: «Харҷ ба андозаи дахл бояд бошад, то ниёзманд набошӣ. Агар дираме ба даст биёрӣ, харҷ камтар аз он дирам бикун. Ба ҳар чизе, ки дорӣ қаноат пеша кун, зеро қаноат кардан бениёзӣ аст».

    Имрӯз бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки қабули Қонун ба ҳалли бисёр мушкилоти ҳаётан муҳими аҳли ҷомеа ва хусусан ҷавонон мусоидат намуд. Ҷашну маъракаҳо дар кишвар ба низом дароварда шуданд. Ҳарчанд аксарияти мардум ин қонунро хуб пазируфтаанд ва дар татбиқи он фаъолона саҳм мегузоранд, аммо мутаассифона, ҳанӯз ҳам қонуншиканиҳо ба қайд гирифта мешаванд. Одамони худхоҳу шӯҳратпараст тӯю маърака ва маросимҳои дафну азодориро воситаи худнамоӣ пиндошта, бо ин роҳ мехоҳанд обрӯву эътибор бигиранд. Чунин изофаравӣ ва хароҷоти зиёд боис гардидааст, ки ҳанӯз баъзеҳо дидаву дониста ба қонуншиканӣ роҳ диҳанд.

     Мақсади асосии Қонун баланд бардоштани дараҷаи иҷтимоиву иқтисодии мардум, мусоидат ҷиҳати паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ мебошад. Тавре ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Риояи ҳатмӣ ва қатъии Қонун дар амал татбиқ кардани тамоми муқаррароти он вазифаи шаҳрвандии ҳар фардест, ки миллат, давлат ва Ватани худро дӯст медорад ва хоҳони зиндагии шоистаи мардуми он мебошад.»

     Ин суханон на танҳо як насиҳат, балки роҳнамои зиндагиест, ки бояд сармашқи кори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бошад. Биёед ҳамагон дар ташаккули низоми арзишҳои миллӣ, ки тамаддуни қадимаи тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд, саҳмгузор бошем ва ба исрофкориву хурофотпарастӣ роҳ надиҳем.

 Улуғбек Темиров, мудири бахши дин ва танзими ҷашну маросим дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

(акс аз интернет)

 

ЗАРУРАТИ ҲИФЗИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ

      Имрӯзҳо терроризм ва экстремизм бо тамоми зуҳуроти номатлубаш ҳамчун вабои хатарнок доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, зарурати дарки амиқ ва пешгирии ҳамаҷонибаро талаб менамояд. Афзоиши зуҳуроти терроризми байналмилалӣ дар манотиқи мухталифи сайёраи мо боиси афзоиши назарраси таблиғот ва интишори ғояҳои террористӣ, ҷалби ҷонибдорон ва ташкили экстремизм ва терроризми иттилоотӣ гардидааст. Воситаи асосии чунин фаъолияти харобиовар имкониятҳои ҳамеша нави воситаҳои интиқоли иттилоот ва технологияҳои иттилоотӣ мебошад. Дар даҳсолаи охир мисолҳои таблиғи ифродгароӣ ва терроризм дар интернет мушоҳида мешавад, ки ҳеҷ марзу бум надорад ва ба осонӣ ба ҳар гӯшаи ҷаҳон паҳн мегардад.

  Бояд гуфт, ки дар зарфи солҳои охир зиёда аз сад мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифтаанд. Бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор аҳолии осоишта ба ҳалокат расида, миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд. Воқеан, бар асари амалҳои террористӣ дар бисёр мамолики дунё одамони бегуноҳ ба ҳалокат расида, шаҳру деҳот ва ёдгориҳои беназири таърихӣ хароб мегарданд. Зарари ба иқтисодиёти кишварҳо расонидашуда ба миллиардҳо доллар мерасад. Ин оморҳо нишон медиҳанд, ки терроризм на танҳо амнияти физикиро таҳдид мекунад, балки ба рушди иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа низ зарбаи сахт мезанад.

  Яке аз роҳҳои муосире, ки ақидаҳои мардумфиребонаи ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ тавассути онҳо паҳн гардида, ба амнияти кишвар хатар эҷод менамояд, ин дастрасии умумии иттилоот дар шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Иттилооти ҳадафмандонаи созмонҳои ифротгаро, ки бар зидди якпорчагии давлат, сохтори конститутсионӣ ва ҳамбастагии миллат равона гардидааст, оқибат ба содир намудани амалҳои террористӣ аз ҷониби шахсони кундфаҳму кӯтоҳандеш мегардад, маҳз тавассути ин шабакаҳо паҳн карда мешавад. Ин ҳолат зарурати тақвияти амнияти иттилоотӣ ва маърифати расонаиро дар ҷомеа таъкид мекунад.

   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша зимни ироаи Паёмҳо ба Маҷлиси Олӣ ва суханрониҳояшон дар мулоқотҳои ҷудогона оид ба афзоиши хатари терроризм ва экстремизм дар ҷаҳони муосир изҳори назар менамоянд. Ин таваҷҷуҳи пайвастаи Сарвари давлат нишонаи он аст, ки Тоҷикистон ба мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб ба таври ҷиддӣ ва стратегӣ муносибат мекунад.

  Дар ин раванди набардҳои иттилоотӣ, ки ҷиҳати нооромии кишварҳо равона шудааст, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастии шаҳрвандон, пешгирии пайравии ҷавонони сустиродаву гумроҳ ба ақидаҳои террористиву экстремистӣ, баланд бардоштани ҳисси зиракии сиёсии ҷавонон ва таъмини амнияти иттилоотӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим дар назди ҷомеаи имрӯза ба ҳисоб меравад. Ин тадбирҳо кишвари моро ҳамчун низоми давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ ҳифз мекунад ва арзишҳои миллию таърихии кишвари моро барои ҳазорсолаҳои оянда солиму ҷовидон нигоҳ медорад.

Ӯғулой Қоситова, рӯзноманигор.

 

 

 

 

ЗАНОН – СИПАРИ ОИЛАВӢ ДАР МУБОРИЗА БО ИФРОТГАРОӢ

       Дар ҷаҳони муосир, ки бо таҳдидҳои пайвастаи терроризм ва экстремизм рӯ ба рӯст, нақши ҳар як фарди ҷомеа дар пешгирии ин падидаҳои номатлуб бениҳоят муҳим аст. Аммо дар ин мубориза, мавқеи занону бонувон на танҳо муҳим, балки калидӣ ва тақдирсоз аст. Онҳо ба ҳайси офарандагорони зиндагӣ, тарбиятгарони насли оянда ва нигоҳдорони арзишҳои оилавӣ, метавонанд сипари тавоное дар роҳи пешгирии ифротгароӣ бошанд.

   Аввалин ва муҳимтарин нақши зан дар мубориза бо ифротгароӣ аз оила оғоз меёбад. Модар шахсест, ки нахустин дарсу мафҳумҳои ҳаётро ба фарзанд меомӯзонад. Аз ин рӯ, тарбияи дурусти фарзанд дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба қонун, таҳаммулпазирӣ ва дурӣ аз ҳар гуна таассубу ифротгароӣ, маҳз аз заҳмати модар вобаста аст. Зани огоҳ ва босавод метавонад фарзандони худро аз таъсири андешаҳои ифротӣ ва гурӯҳҳои зараровар муҳофизат намояд.

  Фазои солими оилавӣ, ки дар он муколамаи кушод ҳукмрон аст ва эҳтиром ба ақидаҳои дигар ташвиқ мегардад, барои пешгирии гароиш ба ифротгароӣ заминаи мустаҳкам мегузорад. Занон метавонанд муҳитеро фароҳам оваранд, ки дар он ҷавонон эҳсоси бегонагӣ накунанд ва ба домани ақидаҳои харобиовар наафтанд.

  Ифротгароён аксаран аз ноогоҳии динӣ ва фарҳангии ҷавонон сӯистифода мебаранд. Занон метавонанд дар муҳофизати арзишҳои асили миллӣ ва динӣ нақши муҳим бозанд. Онҳо метавонанд ба фарзандон ва наберагон фаҳмонанд, ки арзишҳои динии мо, ба монанди исломи ҳақиқӣ, ба сулҳ, дӯстӣ, ҳамзистӣ ва таҳаммулпазирӣ даъват мекунанд, на ба зӯроварӣ ва хушунат. Шиносоӣ бо фарҳанги ғании миллӣ ва анъанаҳои неки ниёгон низ метавонад ҷавононро аз таъсири идеологияҳои бегона ва харобиовар муҳофизат кунад.

   Ниҳоят гуфтан мумкин аст, ки занону бонувон бо хирад, эҳсос ва масъулияти худ, қодиранд, дар пешгирии тероризм нқши барҷаста дошта бошанд. Ин нақш на танҳо амнияти оиларо таъмин мекунад, балки ба сулҳу суботи умумии кишвар ва ояндаи неки насли оянда кафил мегардад. Ҳамин аст, ки эътирофи ин нақш ва дастгирии занон дар ин ҷода, барои ҷомеаи солим ва бехатар муҳим аст.

Ӯғулой Қоситова, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.