ПЕШГИРИИ БЕМОРӢ - БЕҲ АЗ ТАБОБАТ
Зардпарвин аз бемориҳои сироятӣ буда, барангезандаи он вирус мебошад, ки асосан ба вайрон намудани ҳуҷайраҳои ҷигар майл дорад. Гепатити вируси А (ГВА) -ро бемории Боткин ва ё гепатити сироятӣ - эпидемикӣ меномиданд. Вируси А дар шароити муҳити атроф, ба хунукӣ тобовар буда, ҳатто давоми бист сол хислатҳои худро гум намекунад. Танҳо дар ҳолати ҷӯшонидан дар ҳарорати баланд аз таъсири доруҳои хлорнок нобуд мешавад.
Бемории мазкур бештар характери мавсимӣ дошта, асосан, дар фаслҳои тирамоҳ ва зимистон афзоиш меёбад. Манбаи сироятёбии шахси бемор, нӯшидани обҳои ҷӯшониданашуда аз ҷӯйю ҳавзҳо буда, дар ҳолати пурра риоя накардани қоидаҳои санитарӣ - гигиенӣ метавонад, шахсони дигарро ба ин беморӣ гирифтор кунад. Ба ин беморӣ кӯдакону наврасони аз 2 то 7-сола ва ҷавонони то 30-сола бештар гирифтор мешаванд. Аммо кӯдакони синнни то яксола аз сабаби доштани масъунияти модарзодӣ ба ин беморӣ гирифтор намешаванд.
Баъди давраи пӯшида (инкубатсионӣ) беморӣ ба давраи нави пеш аз зардӣ мегузарад. Дар ин давра нишонаҳои беморӣ:
-Бемадорӣ, беиштиҳоӣ, баландшавии ҳарорати бадан, зардшавии пешоб, пастшавии иштиҳо, дилбеҳузурӣ, қайъкунӣ;
- ҳаҷман васеъ шудани ҷигар ва дард дар атрофи он;
- зардшавии пӯсти бадан, тағйир ёфтани ранги наҷосати бемор.
Дар вақти зардшавии сафедии чашму пӯст фавран ба духтур муроҷиат бояд кард.
Дар урфият мегӯянд: "Пешгирии беморӣ беҳ аз табобати он." Барои ба ин бемории сироятӣ гирифтор на-шудан, ба қоидаҳои беҳ-доштӣ риоя намудан шарти зарурист. Пеш аз хӯрокхӯрӣ ва баъд аз қазои ҳоҷат ҳатман дастонро бо собун шустан, ба тозагии либос, дандонҳо, косаву табақ ва пиёла эътибор додан муҳим аст. Бо оби тоза меваю сабзавотро шустан, оби ҷӯшони-дашударо нӯшидан ба манфиат мебошад.
{ангоми муайян шудани бемории гепатит бемор бис-тарӣ карда шуда, ашёҳояш ҷудо ва дар мавриди хӯрок-хӯрӣ парҳез тавсия карда мешавад.
Ёдовар бояд шуд, ки бемории зардпарвин намудҳои дигар аз қабили " В", "С", "Д"-ро низ дорад.
Барангезандаи онҳо низ вирус мебошад. Роҳҳои си-роятёбӣ хуни сироятёфта, асбобҳои тамйизношудаи ҷарроҳӣ, сӯзандору, лавозимоти маникюрӣ ё педикюрӣ, сартарошӣ мебошанд. Нишонаҳои ин бемориҳо низ ба зардпарвини "А" монанд буда, вазнинтару хавфнок мебошад. Шахсоне, ки нишонаҳои гепатити музмин муайян карда намешавад, дар бемористонҳо барои муайян кардани иллати ҷигар бистарӣ карда мешаванд, онҳо метавонанд, баъди 4-5 ҳафтаи аз беморхона ҷавоб шудан, ба фаъолияти меҳнатӣ пардозанд. Лекин ба муҳлати 3-6 моҳ онҳоро аз варзиш, кори вазнини ҷисмонӣ озод намудан зарур аст. Дар давоми 6 моҳ эмгузарониҳои профилактикӣ манъ аст. Занҳо бояд давоми 1 сол аз ҳомиладоршавӣ худдорӣ намоянд.
Риояи қоидаҳои тамйиз кардани лавозимоти тиббӣ ва кор бо онҳо, истифодаи асбобҳои махсуси тамйизкардашуда дар толорҳои ҳусн, бурдани корҳои фаҳ-мондадиҳӣ дар байни аҳолӣ, эмгузаронӣ, истифодаи дандоншӯякҳои шахсӣ аз роҳҳои пешгирии ин бемориҳо маҳсуб меёбанд.
Малика ҚОСИМОВА, сардори ШКАТС-и ноҳия,
номзади илмҳои тиб,
Муҳиддин НАЗАРОВ,
табиб