ЗАНОН – СИПАРИ ОИЛАВӢ ДАР МУБОРИЗА БО ИФРОТГАРОӢ
Дар ҷаҳони муосир, ки бо таҳдидҳои пайвастаи терроризм ва экстремизм рӯ ба рӯст, нақши ҳар як фарди ҷомеа дар пешгирии ин падидаҳои номатлуб бениҳоят муҳим аст. Аммо дар ин мубориза, мавқеи занону бонувон на танҳо муҳим, балки калидӣ ва тақдирсоз аст. Онҳо ба ҳайси офарандагорони зиндагӣ, тарбиятгарони насли оянда ва нигоҳдорони арзишҳои оилавӣ, метавонанд сипари тавоное дар роҳи пешгирии ифротгароӣ бошанд.
Аввалин ва муҳимтарин нақши зан дар мубориза бо ифротгароӣ аз оила оғоз меёбад. Модар шахсест, ки нахустин дарсу мафҳумҳои ҳаётро ба фарзанд меомӯзонад. Аз ин рӯ, тарбияи дурусти фарзанд дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба қонун, таҳаммулпазирӣ ва дурӣ аз ҳар гуна таассубу ифротгароӣ, маҳз аз заҳмати модар вобаста аст. Зани огоҳ ва босавод метавонад фарзандони худро аз таъсири андешаҳои ифротӣ ва гурӯҳҳои зараровар муҳофизат намояд.
Фазои солими оилавӣ, ки дар он муколамаи кушод ҳукмрон аст ва эҳтиром ба ақидаҳои дигар ташвиқ мегардад, барои пешгирии гароиш ба ифротгароӣ заминаи мустаҳкам мегузорад. Занон метавонанд муҳитеро фароҳам оваранд, ки дар он ҷавонон эҳсоси бегонагӣ накунанд ва ба домани ақидаҳои харобиовар наафтанд.
Ифротгароён аксаран аз ноогоҳии динӣ ва фарҳангии ҷавонон сӯистифода мебаранд. Занон метавонанд дар муҳофизати арзишҳои асили миллӣ ва динӣ нақши муҳим бозанд. Онҳо метавонанд ба фарзандон ва наберагон фаҳмонанд, ки арзишҳои динии мо, ба монанди исломи ҳақиқӣ, ба сулҳ, дӯстӣ, ҳамзистӣ ва таҳаммулпазирӣ даъват мекунанд, на ба зӯроварӣ ва хушунат. Шиносоӣ бо фарҳанги ғании миллӣ ва анъанаҳои неки ниёгон низ метавонад ҷавононро аз таъсири идеологияҳои бегона ва харобиовар муҳофизат кунад.
Ниҳоят гуфтан мумкин аст, ки занону бонувон бо хирад, эҳсос ва масъулияти худ, қодиранд, дар пешгирии тероризм нқши барҷаста дошта бошанд. Ин нақш на танҳо амнияти оиларо таъмин мекунад, балки ба сулҳу суботи умумии кишвар ва ояндаи неки насли оянда кафил мегардад. Ҳамин аст, ки эътирофи ин нақш ва дастгирии занон дар ин ҷода, барои ҷомеаи солим ва бехатар муҳим аст.
Ӯғулой Қоситова, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон