Ҷамоатҳо

Шаҳраки Ғафуров

Сохтори маъмурию ҳудудии ҷамоат

Ҷамоати шаҳраки Ғафуров аз ҷиҳати маъмурӣ дар тобеияти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад. Масоҳати умумии ҷамоат 13,60 км2 -ро ташкил мекунад, ки аз он 216 га (15,8 %) заминҳои аҳолинишин, 75 га (5,5%) – заминҳои зери каналу ҷӯйбор ва роҳҳо мебошад. Дар ҷамоати шаҳраки Ғафуров 6 кумитаи маҳаллаҳо фаъолият мебаранд, ки айни замон ҳамаи онҳо расман аз қайд гузашта, соҳиби шаҳодатнома гардидаанд ва оинномаҳои худро доранд.

   Ҷамоати шаҳраки Ғафуров маркази маъмурии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, то маркази вилоят, шаҳри Хуҷанд – 12 км ва то пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе – 364 км мебошад.

Масофа то роҳи оҳан 550 метр (истгоҳи роҳи оҳани Хуҷанд) ва то Фурудгоҳи байналмиллалии шаҳри Хуҷанд 6,4  км-ро ташкил мекунад.

Ҷамоати шаҳраки Ғафуров дар водии Фарғона ҷойгир буда, аз тарафи шимол бо ҷамоати Унҷӣ, аз тарафи ҷанубу шарқ бо ҷамоати Исфисор ва аз тарафи шимолу  ғарб бо шаҳри Бӯстон ҳамсарҳад мебошад.

Шарҳи таърихию фарҳангӣ

Мувофиқи маълумотҳои таърихӣ то инқилоби Октябр дар ҷои ҳозираи истгоҳи роҳи оҳани Хуҷанд, Уезди Хуҷанд, стансияи ба номи Чернигов ташкил карда шуда буд. Дар соли 1954 бори аввал барои эҳтиёҷмандон, аз ҳисоби заминҳои бекорхобидаи минтақаи ҷамоати деҳоти Исфисор, қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шуд. Ҷамоати шаҳраки Ғафуров 7 апрели соли 1965 ҳамчун шаҳри Советобод ташкил карда шуд. Дар асоси Амри Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон аз 23 январи соли 1978 таҳти № 900 шаҳри Советободи ноҳияи Хуҷанди вилояти Ленинобод ба номи шаҳри Ғафурови ноҳияи Хуҷанди вилояти Ленинобод иваз карда шуд. Бо қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз 06.01.2005 сол таҳти № 206 шаҳри Ғафуров ба Ҷамоати шаҳраки Ғафуров табдил дода шуд. Омезиши маданияту фарҳангҳои гуногун дар ҷамоати шаҳрак боиси рушди босуръати он гардидааст.

Шумораи умумии аҳолӣ ба санаи 01.01.2015 сол 18325 нафар буда: аз онҳо 9156 нафар мардҳо, 9169 нафар занҳоро ташкил медиҳад.

Дар Ҷамоати шаҳраки Ғафуров 6 маҳаллаи аҳолинишин, 4 мактаби таълимоти миёнаи умумӣ, 1 гимназия, 5 боғчаи бачагона, беморхонаи марказии ноҳия, дармонгоҳи марказӣ, маркази давлатии назорати санитарӣ-эпидемиологӣ, диспансери касалиҳои сил, маркази табобати ШАМС ба аҳолии шаҳрак ва гирду атрофи он хизмат мерасонад.

Ҳамчунин дар худуди шаҳраки Ғафуров, Корхонаи Воҳиди Давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» минтақаи Суғд, фурудгоҳи байналмиллалии «Хуҷанд», Осорхонаи Ҷумҳуриявии ба номи академик Бобоҷон  Ғафуров, 19 корхонаҳои саноатӣ, 5 корхонаҳои нақлиётӣ, 4 корхонаи сохтмонӣ, 8 бозор, бахши ҶСШК Тоҷиктелеком, бахшҳои ҶСШК Амонатбонк, Агроинвестбонк, бонки Эсхата, ташкилоти қарзии Имон, 3 китобхона, хонаи пешоҳангон, маркази ҷавонон, боғи фарҳанг ва фароғатии ба номи  А. Рудакӣ фаъолият намуда истодаанд.

Дар Ҷамоат имрӯз 3 нафар шахсони ҳуқуқашон ба онҳо баробар, 1 нафар Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, 29 нафар ҷанговар - интернасионалистон, 6 нафар иштирокчиёни бартарафкунии садамаи нерӯгоҳи атомии Чернобил, 12 нафар, барқароркунандагони сохти конститутсионӣ ва зиёда аз 700 нафар собиқадорони меҳнат кор ва зиндагӣ мекунанд.

Мардуми меҳнатқарини шаҳраки Ғафуров фахр аз он доранд, ки зода ва истиқоматкунандаи шаҳраки Ғафуров мебошанд ва номи шаҳрак ба ифтихори Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бобоҷон Ғафуров гузошта шудааст.

Ба ҳайати маъмурии ҷамоати шаҳраки Ғафуров, маҳаллаҳои Дӯстии Халқҳо, Бобоҷон Ғафуров, Гулистон, Ваҳдат, Марказ ва Истиқлол дохил мешаванд. Дар Ҷамоат 4778 хоҷагӣ мавчуд буда, 6 кумитаи маҳаллаҳо фаъолият мебаранд.

Шароити табиию иқлимӣ ва захираҳо

Ҷамоати шаҳрак дар баландии 100-150 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, ҳарорати миёнаи солонаи он ӯ13,40С-ро ташкил мекунад. Ҳарорати  миёнаи ҳаво дар тобистон (июл ӯ23,70С) ва зимистон (январ -2,70С) мебошад. Ҳисоби миёнаи боришот дар як сол 140 мм аст. Иқлимаш мӯътадил буда, барои кишти ҳар гуна зироатҳо ва алалхусус парвариши боғҳои зардолу мусоид аст. Заминаш асосан санглох  мебошад.

Манбаи асосии оби полезӣ канали «Хӯҷабақирғон» мебошад, ки аз дарёи Сир сарчашма мегирад. Манбаи оби нӯшокӣ 13 адад чоҳҳои амудӣ мебошад.

Ҷадвали 1.

Маҳаллаҳо

Шумораи аҳолӣ

Шумораи хоҷагӣ

1.

Марказ

1975

782

2.

Истиқлол

6324

1404

3.

Ваҳдат

1444

773

4.

Б.Ғафуров

2279

707

5.

Д.Халқҳо

4417

936

6.

Гулистон

1886

176

 

Ҳамагӣ

 18325

4778

Тамоюли асосии иқтисодиву иҷтимоӣ

Асоси иқтисодиёти Ҷамоати шаҳракро корхонаҳои саноатии хурду калон ташкил медиҳад, ки  аксарияти аҳолӣ дар он ҷо фаъолият мебаранд.

Сокинони ҷамоат аз хизмати беморхонаи марказии ноҳия, марказҳои саломатӣ, маркази касалиҳои сил, маркази санитарии эпедемиологии ноҳия, беморхонаи роҳи оҳани минтакаи Суғд истифода мебаранд. Масъалаҳои асосии ҳифзи саломатӣ дар ҷамоат инҳоянд: зиёд шудани касалиҳои камхунӣ, касалиҳои онкологӣ, касалиҳои дилу раг, касалиҳои руҳӣ ва сирояткунанда, аз ҷумла сил ба ҳисоб мераванд.

Дар солҳои охир маблағгузорӣ ба соҳаи инфрасохтори иҷтимоӣ қисман аз ҳисоби соҳибкорон ба ҷо оварда шуда истодааст.

Рушди иқтисодии ҳар як маҳал аз рушди соҳибкории хурду миёна вобастагии калон дорад. Танҳо дар се соли охир шумораи соҳибкорони хурду миёнаи ҷамоат 65-нафар афзудааст, ки нисбати солҳои пешин зиёдтар аст. Барои рушди бештари соҳа дар ҷамоати шаҳрак тамоми имконияту захираҳо мавҷуданд, ки то ҳол аз онҳо пурра истифода бурда нашудааст.

Дар ҷамоати шаҳрак чор сехи хурди истеҳсоли хишт фаъолият мебарад. Дар самти шуғлнокии аҳолӣ бошад, ҳарчанд, ки аксари аҳолиро ҷавонон ташкил менамоянд, мувофиқи маълумотҳои агентии шуғли аҳолӣ, 650 нафар бекорон расман ба қайд гирифта шудаанд.

Ба сокинони ҷамоати шаҳрак 1 баморхонаи марказӣ, 1 маркази саломатӣ, 15 дорухона, 3 китобхона бо фонди умумии 5000 адад китоб, 1 хонаи маданият дорои 300 ҷойи нишаст ва мактаби варзишӣ хизмат мерасонанд.

 

Чашмасор

Сохтори маъмуриву ҳудудии ҷамоат

Ҷамоати деҳоти Чашмасор дар ҳайъати ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд буда, дар қисми шарқии ноҳия ҷойгир шудааст. Масоҳати умумии ҷамоат 15777 га - ро ташкил медиҳад.

Ба ҳайати маъмурии Ҷамоати деҳоти Чашмасор деҳаҳои Мирзорабод. Хуҷаабод, Деҳқонобод. Даштобод. Дараи боло. Шаббода. Некроҳ. дохил мешаванд. Дар Ҷамоат 1841 хоҷагӣ мавҷуд буда, 36 кумитаи маҳаллаҳо фаъолият мебаранд.

Тафсири таърихию маданй

Маълум аст, ки ҳар маҳалли зисти одамон ба худ хос таърих, урфу одатҳои ба худ хосро дорост. Деҳаи Чашмасор низ дорои таърихи қадима мебошад. Чашмасор (Уткансой) яке аз ҷамоатҳои дурдасти ноҳия ба шумор меравад. Маркази он деҳаи Мирзоробод буда, аз маркази ноҳия дар дурии 40 км ҷойгир шудааст. Шӯрои қишлоқ соли 1958 таъсис ёфтааст, ки он вақт ба ҳудуди ноҳияи Мастчоҳ ворид мешуд. Аҳолии ҷамоатро асосан ӯзбекон ташкил медиҳанд. ҳоло теъдоди онҳо 11085 нафар мебошанд. Моҳи октябри соли 1974 Чашмасор ҳамчун деҳшӯро ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гузаронида мешавад. Деҳаҳои ҷамоат, ки 34 адад аст, ки аз маркази ҷамоат дар дурии 52 км воқеъ гардидаанд. Аз сабаби он, ки аҳолии Ҷамоат ӯзбеконанд, номи деҳаҳо бо забони ӯзбекӣ номгузорӣ карда шудааст: Аҷрбулоқ, Ойнабулоқ, Барс, Гумбулоқ, Ҷононсой, Ҷингилиқ, Камарқӯтан, Каттаолучалӣ, Қичиқолучалӣ, Хӯшмулло, Қилиққудуқ, Қизилбулоқ, Қургизбулоқ, Куҳқашқор, Қатарбулоқ, Каттаайлй, Кичикайлй, Қулуқсой, Машраф, Мирзаробод, Оқур - чераклӣ, Тӯбчоқ, Уткансой, Ҳамрообод, Мирзобулоқ, Шӯралӣ, Яккатут ва ғайра. ҳамчунин аз сабаби он, ки минтақаҳои аҳолинишини ҷамоат дар доманакӯҳҳо ҷойгир шудаанд ва аз оби чашмаҳо истифода мебаранд, номи деҳаҳо бо калимаҳои ӯзбекии «булоқ» номгузорӣ карда шудаанд. Калимаи «булоқ» ба забони тоҷикӣ маънои «чашма»-ро дошта, номи деҳаҳо маънои Чашмаи сурх, Чашмаи софро дорад. Бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии . Тоҷикистон таҳти №305 аз санаи 29.03.2013 номи деҳаи Уткансой ба номи зебои тоҷикии Чашмасор иваз карда шуд. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар, ҷиҳати густариши равандҳои худшиносии миллии қадимияти марзу бум номи деҳаҳо бо забони давлатӣ номгузорӣ карда шуда, дар асоси дархосту пешниҳодоти мардуми маҳал номи ҳамаи деҳаҳо иваз карда шудаанд. Имрӯз дар ҳудуди ҷамоат 13 мактаб, беморхона дорои 25 кат ба мардуми ҷамоат хизмат мерасонанд. Дар қаламрави ҷамоат клуб ва нуқтаҳои савдо мавҷуд мебошанд. Мардуми деҳаҳои ҷамоат асосан ба чорводорӣ, ғаллакорӣ ва қисман ба боғдорӣ шугл меварзанд.

1.3. Шароити  захираҳои табиӣ ва мавқеъи ҷуғрофӣ

Манзараи даштӣ, иқлими хушк (ҳарорати миёна дар фасли тобистон аз 25° то 32° ва дар фасли, зимистон то -20°)-ро ташкил медиҳад. Замини ҳосилхез тамоюли соҳаи хоҷагии қишлоқро бо равияи пахтакорӣ, ғалладонӣ, меваю сабзавот, муайян мекунад. Аз сабаби паст будани миқдори миёнаи бориш (то 150-300 мм) ба талаботи обёрии (ирригатсия) шиддатнок эҳтиёҷот дорад.

Ҷадвали 1. Аҳоли ва хоҷагиҳои Ҷамоати деҳоти Чашмасор

 Деҳаҳо

  1. Намуна Кӯҳсор - 1
  2. Дар.аи боло
  3. Деҳқонобод
  4. Хоҷаобод Даштобод
  5. Шаббода
  6. ҳулбазор
  7. Чашмаи Зулол
  8. Сечашма
  9. Мевагул
  10. Мирзаробод
  11. Некроҳ
  12. Сурхчашма
  13. Сардоб
  14. Дашти Калон
  15. Ок - кур
  16. Ссшаб
  17. Сафедорак
  18. Камаркутон
  19. Қашқа
  20. Барфоб
  21. Сарчашма
  22. Тол
  23. Испандзор
  24. Насимобод
  25. Зартеппа

26        Толбулак

27        Катта - олгаш ҳамагӣ:

Хистеварз

Ҷамоати деҳоти Хистеварз яке аз ҷамоатҳои калонтарин на танҳо дар вилояти Суғд, балки тамоми ҷумхурӣ ба ҳисоб меравад, Ҷамоати деҳотро  аз тарафи шимол дарёи Сир, аз ҷануб қаторкӯҳҳои Қирғизистон ва аз шарқ ноҳияи Конибодому аз ғарб дарёи Хоҷабақирғон иҳота кардаанд. Ҷамоати деҳоти Хистеварз дар тарафи чапи соҳили Баҳри Тоҷик (обанбори нерӯгоҳи барқии Қайроқкум) чойгир  мебошад. Аз тарафи ҷануб бо ноҳияи Лайлаки вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон, аз шарқ бо ноҳияи Конибодом, аз ғарб бо Ҷамоати Овчиқалъача  ва аз шимол бо ҷамоатҳои Исфисор ва Зарзамин ҳамсарҳад аст.

Ҳудуди ҷамоати деҳот  1060,7  километр  буда, масофаи чамоат то маркази ноҳия 9км, то маркази вилоят ш. Хуҷанд 25 км, то майдони хавоии байналмиллали 11 км ва то роҳи оҳан 9 км мебошад. Аз ҳудуди ҷамоати деҳот роҳҳои мошингарде мегузаранд, ки ахамияти байналмиллали доранд. Онхо Ҷамоатро аз тарафи ҷануб ба ноҳияи Лайлаки вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон алоқаманд мекунад (шоҳроҳи Хуҷанд - Конибодом).

Ҳудуди Ҷамоати деҳотро 3 деҳа (Хистеварз, Сотсиализм ва Мирзобаҳодур) ботеъдоди 22 маҳалла ташкил менамоянд.

Шарҳи таърихию фарҳангии ҷамоати деҳот

Бостоншиносон дар рафти корҳои ҷустуҷӯйҳои худ аз Хистеварз ёдгориҳои моддие дарёфт намудаанд, ки онҳо ба асрҳои пеш аз исломӣ ва аз рӯи бозёфтҳои дигар ба асрҳои V-VI мелодӣ тааллуқ доранд. Ё худ дар сарчашмаи таърихии асари номаълуми «Ҳудуд–ул-олам» (муталиқ ба асри Ҷ) омадааст, Хистеварз аз деҳаҳоест, ки начандон дур аз Хуҷанду сари Шоҳроҳи бузурги Абрешим қарор гирифтааст. Маълумотҳои бозёфтаи бостоншиносон далолат ба он аст, ки ҳанӯз дар аввалҳои солшумории мелодӣ дар атрофи Хистеварз деҳаи калоне мавҷуд будааст.

Воқеъан ҳам  оид ба вуҷуд омадани исми ин деҳа  ва маҳаллаҳои он ҳикояту ривоятҳои бисёранд ва номи Қистақӯзро ба деҳа дар садаҳои охир додаанд. Номи аслии қадимааш тавре, ки дар сарчашмаҳои зиёд  сабт шудааст Хистеварз мебошад. Соли 1924 дар Осиёи Миёна мувофиқи тақсимоти миллии-ҳудудӣ деҳаи Хистеварз ба ҳайати округи Хуҷанди вилояти Самарқанди РСС Ӯзбекистон дохил мешуд. Аз рӯи тақсимоти нави маъмурӣ соли 1926 волости Хистеварз барҳам дода ва он ба Совети қишлоқ табдил дода шуд. То соли 1929, яъне то ба Тоҷикистон ҳамроҳ шудани округи Хуҷанд қишлоқи Хистеварз низ дар ҳайати Ӯзбекистон буд. Соли 1929 Совети қишлоқи Қистакӯз ташкил карда шуд.

Баъдтар бо Укази Президиуми Совети Олии РСС Точикистон аз 14 майи соли 1941 дар вилояти Ленинобод ноҳияи Қистакӯз ташкил карда шуд, ки марказаш деҳаи Қистакӯз буд. Мувофиқи қисми дуюми ин Указ деҳаи Қистакӯз минбаъд Чкалов номида шуд ва ноҳияи Қистакӯз низ Чкалов ном гирифт (тайи солҳои 1941 то 1957). 19 сентябри соли 1950 бо Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон ноҳияи Чкалов барҳам дода шуда, қаламрави он ба ноҳияи Ленинобод шомил карда шуд.

18 апрели соли 1957 Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон дархости Кумитаи иҷрорияи Совети депутатҳои меҳнаткашони вилояти Ленинободро ба назар гирифта, бо фармони худ  Совети қишлоқи Чкаловро бо номи пештараи он Совети қишлоқи Қистакӯз номгузорӣ намуд. Бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 марти соли 2012 бо қарори № 305 Қистақӯз ба Хистеварз табдил дода шудааст.

Шароити  таббиӣ, иқлимӣ ва захираҳо

Иқлими Ҷамоати деҳот  субтропикии хушк буда,  сатҳи боришоти солона зиёда аз 300 мм-ро  ташкил медиҳад.  Ҳарорати миёнаи фаслҳои гармо аз ӯ35 то ӯ40 С  ва дар зимистон  -15 - 20 С0 мешавад.  Шароити хуби табиӣ-иқлимӣ имконият медиҳад, ки тамоми сол корҳои кишоварзӣ дар ҳавои озод гузаронида шавад. Дар ҳудуди Ҷамоат асосан  хоки хокистаранги тира, шағалхок, зардхок, ки дар таркиби он оҳак, гипс ва намак зиёд аст, мавчуд мебошад. Дар нишебиҳо ва соҳили дарёҳо инчунин хокҳои серсанг ва рег вомехӯранд. 

Дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Хистеварз қисман обанбори Қайроқум воқеъ гардидааст. Обанбори мазкур дар натиҷаи сохтмони манбаи барқии оби ба вуҷуд омада буда, дарозиаш беш аз 75 км буда, масохаташ беш 4 миллион метрии мурабаъ мебошад, ҳаҷми умумии обанбор 4160млн м3 ва ҳаҷми фоиданокаш 2600 млн м3 мебошад.

1.4. Вазъи демографии ҷамоат

Ба ҳолати 1 январи соли 2015 аҳолии Ҷамоати деҳоти Хистеварз 56497  нафарро ё 16,1 % аҳолии умумии ноҳияро ташкил медиҳад, аз ҷумла: мардон 28047 нафар (49,6 %) ва занон 28450 нафар (50,4%) буда, суръати миёнаи афзоиши солонаи аҳолӣ 2,4 фоизро ташкил медиҳад. Зичии аҳолӣ 132 нафарро дар 1км2 ташкил медиҳад.

Ҷамоати деҳоти Хистеварз яке аз минтақаҳои аграрии ноҳия ба шумор меравад.

Кишоварзӣ яке аз  соҳаи асосии пешбурди иқтисодиёт мебошад ва он дар ҳаёти иқтисодии ҷамоати деҳот нақши аввалиндараҷаро мебозад. Дар соҳаи кишоварзи қисми асосии аҳолии қобили меҳнат фаъолият мекунанд, соҳаҳои асосии кишоварзии ҷамоат растанипарвари, чорводори ва боғдори мебошад.

Масоҳати умумии заминҳо  якҷоя бо заминҳои дар ноҳияи Мастчоҳ буда 19124  гектарро ташкил менамояд, ки аз ин 4456,3 га заминҳои корам мебошад.

Заминҳо асосан  тавассути каналҳои Фарғона, Фарғонаи калон, обёрикунандаи Оҳак ва ҷоҳҳои амудӣ обёрӣ мешаванд, ки ба 63 хоҷагии деҳқонӣ ва кооперативҳои истеҳсолӣ тақсим шудааст. Шумораи умумии хоҷагиҳои хонагӣ дар ҷамоат 9400 ададро ташкил дода, аз ин 4800 нафар саҳмдор аст.

Солҳои пеш соҳаи саноат дар ҷамоати деҳоти Хистеварз яке аз сохахои инкишоф ёфта ба ҳисоб мерафт, зеро ки ҳам аз ҷиҳати ҳудудию марзӣ, ҳам аз ҷиҳати зичии аҳолӣ ва ҳам аз ҷиҳати дороияти кадрҳо ҷамоат яке аз ҷамоатҳои калонтарини ноҳия ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз дар ҳудуди чамоат 11 корхона саноати (аз ҷумла, 5 корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, 1 корхонаи саноати сабук, 4 корхонаи саноати хӯрокворӣ, 1 корхонаи орд) фаъолият мебурд. Аммо индам бошад коргоҳҳои саноатии деҳот қариб пурра аз фаъолият бозмондаанд. Мақсади асоси Ҷамоати деҳои дар панҷсолаи навбавти зина ба зина таъмин намудани рушди ин соҳа мебошад.

Дар Ҷамоати деҳоти  Хистеварз соҳибкории хурду миёна бахусус истеҳсолӣ хуб инкишоф ёфта бошад ҳам, вале то ҳол омилҳое мавҷуданд, ки ба рушди он таъсири манфӣ мерасонанд. Чунончӣ  маҳдудияти нерӯи барқ, набудани имтиёзҳои лозимӣ, маҳкам будани сарҳади Ӯзбекистон, норасоихои инфрасохтории  бозори наздисарҳадӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон, сари вақт дастрас нашудани ашёи хом ва ғайраҳо.  Дар ҳолати аз байн бурдани ин омилҳо соҳибкорӣ рушд ёфта, ба сатҳи камбизоатӣ ва бекорӣ мусоидат хоҳад намуд.

Инҷунин дар ҳудуди ҷамоат 5 корхонаи нақлётӣ, 4 корхонаи хизматрасонии аҳолӣ, 30 нуқтаи хӯроки умум, 86 нуқтаи савдо, 10 мактаби миёна, 2 муассисаи  томактабии давлатӣ (4 муассисаи томактабии хусусӣ), 2 китобхона, 1 беморхона, 2 нуқтаи тиббӣ, 6 маркази саломатӣ, 7 муассисаи варзишӣ, 1 толори варзишӣ, 6 майдони баскетбол, 5 майдони волейбол, 1 интернати махсус барои бачагони шунавоиашон суст ва кар  ва 1 мактаби варзишӣ фаъолият дорад.  

Ҳамчунин дар маркази  Ҷамоат бозори фурӯши молҳои саноатӣ ва хурокворӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, бозори фурӯши масолеҳи сохтмонӣ ва чандин маркази савдо мавҷуд аст. Сохтмони биноҳои замонавии баландошёна дар ҳудуди Ҷамоат вуҷуд надорад.

Дар худуди Ҷамоати деҳот баҳри дастгири соҳаи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии Эсхата, Тоҷиксодиротбонк, Агроинвестбонк, Амонатбонк, Арванд, Ҷовид  ташкилотҳои байналхалқии Салиби сурх,  “Ҷовид”, ЮСАИД, Барномаи рушди Созмони Миллали Муттахид , Маркази дастгирии Ҷамоат ва ғайраҳо фаъолият мебаранд.

Маълумоти муфассал оиди Ҷамоати деҳоти Хистеварз дар ҷадвали поён оварда шудааст:

Маълумотнома оид ба ҳудудҳои маҳаллаҳои Ҷамоати деҳоти Хистеварз

Номи ҳудудҳои маъмурӣ (маҳаллаҳо)

Масофа то маркази ҷамоат (км )

Масофа то стансияи роҳи оҳан (км)

Шумораи оила

Шумораи аҳолӣ

Мактаби миёна

Масчид

Мағоза-ошхона-ч

Қулуб

Муас. то мактабӣ

Китобхона

Беморхона

Маркази саломатӣ

Осиёби барқӣ

Ҷувози барқӣ

Ҷомеъ

Панҷвақта

1.

Баҳористон

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

I.                      

 

 

 

2.

Бахт-1

 

 

 

 

 

 

II.                    

 

 

 

 

 

 

 

 

3

Бахт-2

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

4.

Дӯстӣ

 

 

 

 

 

 

III.                   

 

 

 

 

 

 

 

 

5

Чавғали боло-1

 

 

 

 

 

IV.                  

V.                    

 

 

 

 

 

 

 

 

6.

Чавғали поён-2

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

7.

Фурунзе

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

8

Ҷуйи муғули Тоҷикистон

 

 

 

 

 

 

VI.                  

 

 

 

 

 

 

 

 

9.

Ҷуйи муғули Тоҷикистон-2

 

 

 

 

 

 

VII.                

 

 

 

 

 

 

 

 

10.

Қентирик-1

 

 

 

 

 

VIII.               

 

 

 

 

 

 

 

 

 

11.

Қентирик-2

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

12.

Осиё-1

 

 

 

 

 

 

IX.                   

 

 

 

 

 

 

 

 

13.

Осиё-2

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

14.

Чуйи муғули Д. Азизов-1

 

 

 

 

 

X.                    

 

 

 

 

 

 

 

 

 

15.

Чуйи муғули Д. Азизов-2

 

 

 

 

 

 

XI.                   

 

 

 

 

 

 

 

 

16.

Ҷақар

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

17.

Ҳавзаки боло

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

18.

Ҳавзаки поён-1

 

 

 

 

 

 

XII.                 

 

 

 

 

 

 

 

 

19

Ҳавзаки поён-2

 

 

 

 

 

XIII.               

 

 

 

 

 

 

 

 

 

20

Чинор

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

21

Арбоб

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

22

Чкалов

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

XIV.              

Ҳамаги

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

                  

Ҳайдар Усмонов

Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонов дар ҳайъати ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд буда, дар қисми маркази ғарбии ноҳия, дар канори шаҳри Хуҷанд, соҳили Дарёи Сир ҷойгир шудааст. Масоҳати умумии он 503,83га ташкил медиҳад.

Ба ҳайъати маъмурии Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳ.Усмонов деҳаҳои Рӯмон, Кулангир, Шайхбурҳон, Пулчуқур, ва минтақаи Абдулло Зиёев дохил мешаванд. Дар Ҷамоат 6152 хоҷагӣ мавҷуд буда, 10 кумитаи маҳаллаҳо фаъолият мебаранд. (Ҷадвали 1).

1.2. Тафсири таърихию маданӣ

Маълум, ки ҳар маҳалли зисти одамон ба худ хос таърих, солномаро дорост.

Ҷамоати Деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонов соли 1969 бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2.09.1968 аз ҷамоати деҳоти Унҷӣ ҷудо карда шудааст. Номи  Ҳайдар Усмонов ба ифтихори иштирокчии мубориза барои барпо кардани Ҳокимияти Саветӣ дар шимоли Тоҷикистон гузошта шудааст.

Деҳаи Кулангир дар қисми шарқии Ҷамоат ҷойгир буда, ривоят аст, ки замоне бошишгоҳи кулангҳо будааст. Номи деҳаи Кулангир аз ду реша, яъне «Куланг» - турна ва решаи дуюм «гир» - асоси масдари «гирифтан» таркиб ёфтааст. Чуноне, ки пирони деҳа ривоят мекарданд, дар зардолузорҳои деҳа турнаҳо лона монда буданд ва ном аз шикори онҳо пайдо гаштааст. Шаҳриён фурсати фароғат омада, мурғони дилпазирро шикор мекардаанд. Шуғли асосии деҳа деҳқонӣ буда, дар фасли сармо ба киштукори кӯчату кабудӣ машғул шуда, боиси фаровонии бозорҳои шаҳри Хуҷанд ва шаҳраки Ғафуров мебошанд. Дар фасли баҳор ба фурӯши сабзавот ва меваҷот машғул мебошанд..

Дар ақидаҳо омадааст, ки Рӯмон аз калимаи арабии «Руммон» буда, маънояш анорзор мебошад. Ё маънии дигар «Рӯ монд» аст. Деҳаи мазкур боз ба 5 маҳаллаҳо ҷудо шудаанд, ки маҳаллаҳои 1-Май, Октябр, Лоҳутӣ, Маданият ва Инқилоб мебошанд.

1.3. Шароити  захираҳои табиӣ  ва мавқияи ҷуғрофӣ

Иқлими Ҷамоат континенталии хушк буда, ҳарорати миёна дар фасли зимистон аз-10 то -15◦C дараҷа сард, тобистон азӯ27◦Cто ӯ36◦C дараҷа гарм мешавад. Дарёи Сир соҳаи калони кишоварзӣ ва дигар соҳаҳоро бо об таъмин мекунанд. Замини ҳосилхез ва мавҷуд будани об тамоюли соҳаи хоҷагии қишлоқро бо равияи пахтакорӣ, ғалладонӣ, меваю сабзавот муайян мекунад.

Ҷадвали1. Аҳолӣ ва хоҷагиҳои Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳ.Усмонов

Деҳаҳо

Шумораи хоҷагӣ

Шумораи аҳолӣ

1.

Рӯмон

 

 

2.

Кулангир

 

 

3.

Шайхбуроҳон

 

 

4.

Пулчуқур

 

 

5.

Ҷӯи Қозӣ

 

 

6.

Минтақаи А.Зиёев

 

 

 

Ҳамагӣ:

 

 

Дар Ҷамоат 98% аҳолиро тоҷикон ва танҳо 2% дигар миллатҳо ишғол менамоянд (ӯзбекҳо, русҳо, дигар миллатҳо).

Диаграммаи 1. Таркиби этникии аҳолӣ дар соли 2015.

1.5. Тамоюлҳои асосии иҷтимоӣ-иқтисодӣ

Таҳкурсии иқтисодиёти Ҷамоатро соҳибкорони хурду миёна, хизматрасонии пулакӣ ва хоҷагии деҳқонӣ ташкил медиҳад, ки дар он 75-80%-и аҳолии кобили меҳнат машғул мебошанд. Асосан дар самти соҳибкории худу миёна ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ ташкили нуқтаҳои савдо, ташкили ошхона ва чойхонаҳо, таъмири автомобилҳо, истеҳсоли маҳсулоти дастии хонагӣ ва дар самтҳои асосии рушди кишоварзӣ – соҳаҳои пахтакорӣ, боғдорӣ, сабзавоткорӣ, ғаллакорӣ ва чорводорӣ (асосан дар хоҷагиҳои деҳқонӣ) мебошанд.

Дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонов 11 хоҷагии деҳқонӣ, мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии №12, 13, 23, 24, 25, 26, Гимназияи «Нур», марказҳои саломатии «Ҳ.Усмонов», «Кулангир», «Одил», хонаҳои саломатии «Шайхбурҳон», «Рӯмон», «Лаби Ҳавзча», «Инқилоб», «Айнӣ» ва дар минтақаи А.Зиёев «Янгиқӯрғон» ба мардум хизмат мерасонанд.

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.