ҶАЛБИ ДУХТАРОН БА ЗИНАИ СЕЮМИ ТАҲСИЛ ВА КАСБОМӮЗӢ

    Масъалаҳои риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон", тарғибу ташвиқи эҳёи либосҳои миллӣ, пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон, ҷалби духтарон ба зинаи сеюми таҳсил ва касбомӯзӣ, оид ба одобу ахлоқи ҳамидаи духтарон, омода намудани ҷавонон ба оиладорӣ, маърифати дуруст истифода бурдани телефонҳои мобилӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз дар мулоқот баррасӣ гардиданд.

     Дилором Турсунзода, муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Боғигул Исломзода, намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҳбуба Абдураҳимзода, намояндаи Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд ва Ӯғулой Ҳоҷибоева, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бобати масъалаҳои болозикр ибрози назар намуда, даъват ба амал оварданд, ки тарбияи дастаҷамъӣ дар ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ муҳим аст ва фаъолони ҷомеаро зарур аст, дар он иштироки фаъол дошта бошанд. Махсусан ҷалби духтарон ба зинаи сеюми таҳсил ва касбомӯзӣ дар ҳаёти духтарон нақши муҳим бозида, духтари соҳибкасб ва соҳибҳунар модари хушбахт буда метавонад, зеро аксаран таъминоти оила ба ӯҳдадории падар ва тарбияи фарзандон маҳз бар дӯши модар гузошта мешавад. Бинобар ин, соҳибилм будани ҳар як духтари тоҷик муҳиму муассир аст.

Вохӯрӣ дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд ва мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо омӯзгорон, хонандагон, фаъолон ва ходимони дини ҷамоатҳои Хистеварз, Зарзамин ва Исфисор баргузор карда шуд.

Дафтари матбуот ва иттилооти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.