Ифтитоҳи маркази хизматрасонӣ ва мулоқот бо ятимони кул дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
13 ноябр дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ҳайдар Усмонов бинои маркази хизматрасонии “Шоҳ”-ро ба истифода дода, бо 100 нафар ятими кул мулоқот намуданд.
Бинои хизматрасонӣ хуштарҳу замонавӣ буда, дар таҳхонаи он сардхона барои нигаҳдории 1000 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ҷойгир аст. Сардхонаи муосир бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардида, он чор анбори васеъ дорад, ки барои нигоҳ доштани меваю сабзавот ва полезӣ пешбинӣ шудааст.Иншооти хизматрасонӣ дар раванди созандагию бунёдкориҳо ба истиқболи сазовори ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи соҳибкори ватанӣ сохта шуда, барои 15 сокини маҳаллӣ ҷои нави корӣ таъсис ёфт.
Толори баргузории маросимҳо бесутуни барҳаво буда, 150 ҷои нишаст дорад. Сақфи толори мазкур бо санъати баланди меъмории миллӣ гаҷкорӣ карда шудааст, ки зебою диққатҷалбкунанда мебошад. Ҳамчунин дар маркази хизматрасонӣ ҳуҷраҳои алоҳида барои омода кардани таъомҳои миллию аврупоӣ ва хуришҳо мавҷуд аст.
Минбаъд сокинони деҳоти мазкур имкон доранд, ки бо истифода аз хизматрасониҳои дастраси марказ ҷашну маросимҳои гуногунро баргузор намоянд. Аз қомат афрохтани боз як бинои хуштарҳи хизматрасонӣ ба ин гӯшаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зебоии дигар зам гардид.
Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ятимони кул, ки бо амри тақдир аз навозиши волидайн бенасиб мондаанд, вохӯрӣ намуда, бо оростани дастархони идона ба онҳо тӯҳфаҳои арзишманд тақдим карданд.
Ятимон бо шодию нишот аз дасти Сарвари раъийятпарвару инсондӯсти мамлакат либоси мактабӣ, пойафзол, шириниҳо ва кӯмаки молӣ туҳфа гирифтанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо наврасону ҷавонони ятим, ки 46 нафар аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 54 каси дигар аз шаҳри Гулистони вилояти Суғд мебошанд, суҳбати самимӣ ороста, онҳоро барои таҳсили хубу аъло, касбу ҳанаромӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисӣ ва кор бо технологияи ҳозиразамон ҳидоят намуданд.