Ба истифода додани гармхонаи замонавии “Евро 6” мансуб ба ҶДММ “ММК Агро” ва боздид аз намоиши маҳсулоти гармхонаҳо дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гармхонаи замонавии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ММК Агро”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

 Гармхонаи замонавии инноватсионӣ аз рӯйи стандарти “Евро 6”, ки ҳоло муосиртарин насли гармхонаҳо ба ҳисоб меравад, бунёд гардида, дар он маҳсулоти кишоварзӣ бо сифати баланд парвариш карда мешавад.

Гармхона дар масоҳати 5 гектар замин бунёд гардида, айни замон дар он навъҳои гуногуни помидор нашъунамои хуб дорад. Парвариши маҳсулоти кишоварзӣ дар гармхона бо усули гидропоникӣ ва органикӣ роҳандозӣ шуда, барои гирифтани ҳосили хуб 13 навъи маводи ғизоӣ тариқи обёрии қатрагӣ ба растанӣ расонида мешавад. Дар қисмати гидропоникӣ, ки 2,3 гектари гармхонаро ташкил медиҳад, нигоҳубини тухмиҳо ба таври автоматӣ, бо истифода аз технологияи насли нав амалӣ гашта, муътадилии ҳарорати дохил тариқи системаи буғӣ дар ҳамаи мавсими сол таъмин мегардад.

Қисмати органикӣ, яъне ба таври маъмӯлӣ парвариш кардани тухмиҳо, аз ду як ҳиссаи гармхонаи мазкурро ташкил медиҳад. Дар ин ҷо низ ҳамаи амалиёти парвариш ва нигоҳубини растанӣ тариқи автоматӣ ба роҳ монда шуда, муътадилии ҳарорати ҳаво бо усули радиаторӣ, яъне гармии сунъӣ нигоҳ дошта мешавад. Барои иҷрои ин амал дар қисмати органикии гармхона дастгоҳи гармирасон насб гардидааст.

Айни замон дар гармхонаи “ММК Агро” асосан парвариши помидори навъҳои швейтсарӣ, туркӣ ва фаронсавӣ роҳандозӣ шуда, барои гирифтани ҳосили хуб ин намудҳо мувофиқ мебошанд.

Иттилоъ дода шуд, ки аз ҳар гектар замини гармхона аз 150 то 180 тонна помидор ҳосил ба даст оварда мешавад ва ҳоло дар бозорҳои дохиливу хориҷӣ талабот ба чунин маҳсулоти тару тоза хеле зиёд аст. Дар ин қисмати гармхона асосан маҳсулоти таъиноти содиротидошта парвариш гардида, дар бозори кишварҳои гуногун ба фурӯш бароварда мешавад.

Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз намоиши маҳсулоти гармхонаҳо дидан намуда, ба хоҷагидорон барои густариши фаъолият дастуру маслиҳатҳо доданд.

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.