БАҲРИ ПЕШГИРИИ ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ

Бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15 - и ҷамоати деҳоти Унчӣ, мулоқоти Дилором Турсунзода, муовини раиси ноҳия бо омӯзгорон ва волидайни толибилмони муассисаи мазкур баргузор гардид.
Дар мулоқот масъалаҳои татбиқи қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти иҷтимоӣ, зуҳуроти номатлуб ва паёмадҳои манфии он, мавқеи занон дар ҷомеа ва амалишавии стратегия ва барномаҳои давлатӣ дар баланд бардоштани мақому манзалати занону бонувони тоҷик, тарбия ва татбиқи Консепсияи миллии тарбия дар соҳаи маориф, интизоми меҳнат, маърифати оиладорӣ, либоспӯшӣ, ҳифзу гиромидошти фарҳангии миллӣ, пешгирии пайравии занону бонувон ба фарҳанги либоспӯшии бегона, сарфаю сариштакорӣ, роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва масъалаҳои дигари умда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Инчунин дар вохӯрӣ Ӯғулой Ҳоҷибоева, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳия ва Ибодат Мирпочоева, мушовири шуъбаи маориф иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров




Масъалаҳои риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон", тарғибу ташвиқи эҳёи либосҳои миллӣ, пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон, ҷалби духтарон ба зинаи сеюми таҳсил ва касбомӯзӣ, оид ба одобу ахлоқи ҳамидаи духтарон, омода намудани ҷавонон ба оиладорӣ, маърифати дуруст истифода бурдани телефонҳои мобилӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз дар мулоқот баррасӣ гардиданд.



