ТАНЗИМ – КАФИЛИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА

   Қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон ”Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон “17 сол муқаддам бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некуаҳолии мардуми кишвар қабул шуда, он чун қонуни миллӣ дар ҳаёти иҷтимоӣ ва маънавии мардуми мо нақши муҳим гузошт. Вале солҳои охир ҳолатҳои риоя нагардидани талаботи  қонуни мазкур ба мушоҳида мерасиданд.

ЗАН ВА ҶОМЕА

маҳфил

   Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба таҷлили рӯзҳои таърихӣ, зодрӯзи ходимони давлатию ҷамъиятӣ, адибон ва собиқадорони ҷангу меҳнат дар маҷлисгоҳи Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача бахшида ба 70-солагии мавлуд ва 50-солагии фаъолияти меҳнатии собиқадори меҳнат Қаландарова Мавлуда Валиевна маҳфили "Зан ва ҷомеа" баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории маҳфил тарғиби меҳнати садоқатмандонаи занону бонувоне, ки дар рушди ҷомеаи мутамаддин муваффақ гардида, нақши арзишманд гузоштаанд, мебошад.

Дар оғози маҳфил меҳмонони расмии чорабинӣ - муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Дилором Турсунзода ва раиси Шӯрои собиқадорони вилояти Суғд Турсунбой Раҳматов суханронӣ намуда, ҳаёти таҷрибаомӯзу намунавии соҳибҷашн - Мавлуда Қаландароваро намунаи ибрат хонданд. Собиқадори меҳнат, ходими ҳизбию ҷамъиятӣ, Шуҷоат Ҳасанова, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Ӯғулой Ҳоҷибоева, раиси Шӯрои собиқадорони ноҳия, Исохӯҷа Каримхоҷаев, раиси Шӯрои собиқадорони кумиҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Болтубой Юлдошев, шоир Темурмалик Рустамов, адиб ва рӯзноманигор Розиқҷон Муталлибов, сармуҳаррири ҳафтаномаи "Хуҷанд" Ӯғулой Қосидова, корманди Институти илмию истеҳсолии боғдорию сабзавоткории Академияи кишоварзӣ Мавлуда Эргашева, ҷомеаи омӯзгории муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 таҳти сарварии директори муассиса Аҳрор Негматов, шогирдону пайвандон ва чандин нафарони дигар дар маҳфил суханронӣ намуда, бо ёдрасӣ аз лаҳзаҳои фаъолияти меҳнатии ибратомӯз соҳибҷашнро шодбош намуданд.

Суруду таронаҳои ҳофизони номвари деҳа, оилаи Ғаффоровҳо чорабиниро рангинтару хотирмон гардонид. Сухани миннатдории соҳибҷашн Мавлуда Қаландарова, ки саршори сипоси беандоза барои қадршиносии меҳнати садоқатмандонааш буд, анҷомбахши маҳфил гардид.

Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ВОХЎРӢ ДАР МАҲАЛ

Аъзоёни гурӯҳи тарғиботии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ҳайати муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Дилором Турсунзода, мудири шуъбаи кор бо занон ва оила Ӯғулой Ҳоҷибоева, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа  Парвиз Халифаёр дар асоси нақшаи тасдиқгардида бо усули "Деҳа ба деҳа" ва "Хона ба хона" дар деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача оид ба эҳё ва тарғибу ташвиқи ҳунарҳои мардумӣ, омода намудани ҷавондух-тарон ба оиладорӣ, фарҳанги либоси миллӣ, омода намудани таомҳои маҳаллӣ бо сокинон суҳбату мулоқот доир намуда, ҳамзамон аз рафти омодагиҳо ба зимистонгузаронӣ ва истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ дидан намуданд.

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.