Роҳбарият

Юсуфӣ Акбар Муҳиддинзода

Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия

1 июли соли 1977 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар оилаи хизматчӣ таввалуд шудааст. Таҳсилоти миёнаро дар мактаби таҳсилоти миёнаи  умумии №26–и чамоати дехоти Ҳ.Усмонов гирифта, соли 1994 барои идомаи таҳсил ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дохил ва онро соли 1999 бо муваффақият  хатм кардааст.

Фаъолияти кориашро аз соли 1999 ба ҳайси омӯзгор дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №26 оғоз намуда,  то соли  2004 дар ин вазифа фаъолият намудааст.

Соли  2004 то соли 2007 дар вазифаи  ҷонишини директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26 оид ба таълим, солҳои 2007 – 2011 дар вазифаи ҷонишини директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №12 оид ба корҳои тарбиявӣ, соли 2011 дар вазифаи директори муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии №26 – ро ба ӯҳда гирифта, дар ин вазифа то соли 2015 фаъолият намудааст.

Аз моҳи декабри соли 2015 ба вазифаи раиси ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонов муносиб дониста шуда, дар ин вазифа то соли 2016 кору фаъолият намудааст.

Аз моҳи марти соли 2016 то инҷониб вазифаи Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ба ӯҳда дорад.

Зафарбек Давлатзода

Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Зафарбек Давлатзода 23.05.1975 дар деҳаи Рӯмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1996 Филиали Хуҷандии донишкадаи политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-механик хатм намудааст. Соли 2014 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро бомуваффақият хатм кардааст.

Мавсуф солҳои 1996-1998 дар вазифаҳои мутахассиси пешбари колхози «Баҳористон»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, солҳои 1998-2007 раиси хоҷагии деҳқонии «Зафар»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, солҳои 2007-2013 дар вазифаи сардори корхонаи воҳиди давлатии канали «Хоҷабоқирғон», солҳои 2013-2014 сардори Идораи давлатии хоҷагии оби ноҳияи Ҷаббор Расулов, солҳои 2014-2016 сардори Идораи давлатии хоҷагии оби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кор кардааст. Аз моҳи январи соли 2016 то моҳи декабри соли 2018 сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд буд.

Аз моҳи декабри соли 2018 раиси шаҳри Конибодом буда, дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 11 ноябри соли 2020 иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд таъин гардидааст.

Оиладор, соҳиби 4 нафар фарзанд.

Турсунзода Дилором

Муовини Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Абдуллозода Фаррух Орифӣ

Муовини якуми Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

9 сентиябри соли 1975 дар ноҳияи Бобочон Ғафуров таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёна соли 1994  барои идомаи таҳсил ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик  Б.Ғафуров  дохил шуда, онро соли 1998 бо  муваффақият  хатм намудааст.

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.