МАШВАРАТИ АВГУСТИИ МАОРИФЧИЁН ДОИР ГАРДИД

Дар толори Қасри фарҳанги ба номи Ҳайдар Усмонов бо иштироки Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зафарбек Давлатзода, намояндаи Раёсати маорифи вилояти Суғд Раҳмат Зокирзода ва аҳли омӯзгорону кормандони соҳаи маориф, машварати августии маорифчиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид.

 

Нахуст Раиси ноҳия Зафарбек Давлатзода бо ҳайати меҳмонон аз намоиши дастоварди маорифчиёни ноҳия боздид намуда, барои рушди соҳа маслиҳатҳои судманд баён дошт.

Сипас, Нигора Ғаффорзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба натиҷаи фаъолияти  солонаи кормандони соҳаи маориф дар соли таҳсили 2021- 2022 ва вазифаҳои минбаъдаи кормандони соҳа дар соли таҳсили 2022-2023 ҳисобот дода, афзуд, ки  шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва муассисаҳои таълимии зертобеи он фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Консепсияи миллии таълим, Консепсияи миллии тарбия ва дигар санадҳои меъёрӣ  – ҳуқуқии соҳа  ба  роҳ монда, дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ - 30 солагии Иҷлосияи 16 – уми Шўрои Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба комёбиҳои назарраси илмиву таълимӣ мушарраф гардиданд.

  Дар ин раванд  бо итминони  комил  гуфта  метавонам, ки  дар  соли таҳсили сипаришудаи 2021-2022, дар доираи татбиқи иҷроиши дастуру супоришҳои додашуда, дар таълимгоҳҳои ноҳия як силсила корҳои созандагиву ободонӣ анҷом дода шуданд. Чунончӣ, бо дастгирӣ ва маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия давоми соли хониши сипаришуда дар назди 9 муассисаҳои таълимии ноҳия сохтмони биноҳои таълимии иловагӣ  идома дода шуда, моҳи апрели соли равон бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулњу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои таълимии иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15- и ҷамоати деҳоти  Унҷӣ  барои 840 нафар хонанда дар як баст ба истифода дода шуд.  Инчунин, дар ин муддат бо  дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва тариқи ҳашар  4 синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №5, ду синфхона дар назди филиали Шўрбулоқи муассисаи таълимии №64, айвонҳои барҳаво барои тарбиятгирандагони Маркази инкишофи кўдаки муассисаи таълимии № 25, кўдакистони хусусӣ  дар ҷамоати деҳоти Унчӣ сохта ба истифода дода шуданд.

         Дар давраи таътили тобистона ҳамаи муассисаҳои таълимӣ бо дастгирии аҳли ҷамоатчигӣ, соҳибкорону сарпарастон ва падару модарон  аз таъмири ҷории  хушсифат бароварда шуда, бо ин мақсад аз ҳамаи сарчашмаҳо зиёда аз 3,2 миллион сомонӣ маблағ  сарф карда шудааст. Дар раванди таҳкими пояи моддиву техникии муассисаҳои соҳаи маорифи ноҳия, ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи маорифчиён ва ободониву барқарорсозии таълимгоҳҳо нақши роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия назаррас мебошад. Ҷавобан ба ғамхориҳои доимии  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия иштироки хонандагони макотиби ноҳия дар олимпиадаҳои фаннӣ сол аз сол самарабахш гашта, дар ин самт дастовардҳои назаррас ба чашм мерасанд. Аз ҷумла,  давоми соли таҳсил  дастаи олимпии хонандагони  макотиби ноҳия дар даври вилоятии олимпиадаи фаннии хонандагон ба гирифтани 156 ҷойи ифтихорӣ ва дар даври ҷумњуриявии он ба гирифтани 136 ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гардиданд.

        Дар озмуни вилоятии “Шукуфаҳои Истиқлол” тарбиятгирандаи муассисаи таълимии томактабии №11 Сафия Темурҷонзода ба гирифтани Шоҳҷоизаи озмун  сазовор гардида, хушбахтона  соли равон низ  дастаи мунтахаби варзишгарони ҷавони ноҳия дар даври ҷумҳуриявии озмуни ҳарбӣ - варзишии “Ватанпарвар” ба гирифтани ҷойи якум  мушарраф гардиданд.

        Дастоварди  устодону шогирдони муассисаҳои таълимӣ  дар озмунҳои самти тарбиявӣ ҳам назаррас буда,  аз ҷумла дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии  “Беҳтарин роҳбари Созмони  хонандагони беҳтарин” роҳбари Созмони  хонандагони  муассисаи таълимии №81 – и ноҳия  Зебо Ҳакимова ҷойи ифтихории якумро ишғол намуда, барои иштирок ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифт. Дар озмуни ҷумҳуриявии «Тайғирёбии иқлим ва захираҳои об» узви маҳфили «Мухбирони ҷавон»-и  хонандаи синфи 6-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31- и ҷамоати деҳоти Ёва Муҳаббат Тоҷибоева дар номинатсияи «Навори беҳтарин» ғолиб дониста шуда, ҷойи ифтихории якумро сазовор гардид. Дар сессияи ҷумҳуриявии Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон бошад  37 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ  иштирок намуда, ҳамаи онҳо ғолибиятро ба даст дароварданд, - иброз дошт ӯ.   

Дар идома намояндаи Раёсати маорифи вилояти Суғд Раҳмат Зокирзода аз фаъолияти пурсамари маорифчиёни ноҳия дар рушди соҳаи маорифи кишвар ибрози андеша намуд. Сипас, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зафарбек Давлатзода,  бо гузориши муфассал соҳаи маорифи ноҳияро ҳамаҷониба мавриди муҳокима қарор дода, аз ҷумла роҷеъ ба баланд бардоштани сифати таълим, мақому манзалати омўзгорон ва ҳифзи иҷтимоии онҳо, тайёр намудани кадрҳои баландихтисос, инчунин бунёд кардан ва таъмиру азнавсозии мактабҳо, амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии хонандагон, тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстӣ, пешгирии хонандагон аз амалҳои номатлуб, равияҳои динӣ ва таълимоти ғайрирасмӣ, ҷиноятсодиркунӣ ва  дигар масъалаҳои мубрами соҳа, андешаҳои худро баён дошта, баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, масъулинро муваззаф сохт.

Ҳамзамон дар ин рӯз бо Қарори раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  барои 44 нафар кормандони эҳтиёҷманди соҳаи маорифи ноҳия қитъи замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шуда, дар фазои тантанавӣ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он ба мудири шуъбаи маорифи ноҳия Нигора Ғаффорзода дар фазои тантанавӣ супорида шуд. 

Ҳамасола баҳри дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии кормандони соҳаи маорифи ноҳия озмуни ноҳиявӣ баргузор мегардад. Тибқи хулосаи комиссияи озмуни мазкур дар номитансияҳои зерин: муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии№5-и ҷамоати деҳоти Хистеварз «Мактаби беҳтарини сол – 2022», муассисаи таълимии томактабии №1-и шаҳраки Ғафуров «Муассисаи таълимии томактабии беҳтарини сол - 2022», муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии№55 – ҷамоати деҳоти Зарзамин «Иттиҳодияи методии беҳтарини сол - 2022», муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии№34 –и ҷамоати деҳоти Хистеварз «Лабораторияи фаннии беҳтарини соли 2022», муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии№13 «Китобхонаи мактабии беҳтарини соли 2022», муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии№25 –и ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонов «Ошхонаи мактабии беҳтарини соли 2022», муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии№4 –и ҷамоати деҳоти Хистеварз «Истироҳатгоҳи тобистонаи наздимактабии беҳтарини соли 2022» ғолибият ба даст оварда, бо туҳфаҳои арзишманди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тақдиронида шуданд.

Инчунин, барои хизматҳои арзанда, ноил шудан ба дастоварҳои беҳтарин баҳри рушди соҳаи маорифи кишвар чандин нафар бо нишони сарисинагии Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сипосномаи Раёсати маорифи вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сарфароз гардонида шуданд.

Машварати авзустии маорифчиёни ноҳия бо барномаи калони фарҳангӣ хубу хотирмон анҷом пазируфт.

Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.