Муборакбодии Раиси ноҳия Зафарбек Давлатзода ба муносибати Рўзи дониш ва оғози соли нави таҳсил

Устодону толибилмони арҷманд!

Боиси саодату комгориҳост, ки дар остонаи таҷлили ҷашни хуҷаставу ҳумоюнии 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи дониш ҳамҷавор бо ин рӯйдоди фархундаву мубораки миллат фаро мерасад.

 

Омӯзгорон ва падару модарони арҷманд!

Воқеан, маънии зиндагонии инсон дар тарбия ва ба камол расонидани фарзанд ба ҳисоб рафта, вобаста ба он мутаффикири бузурги асри миёнаи тоҷик Муҳаммад Ғаззолӣ чунин гуфтааст: «Фарзанд амонат аст дар дасти падару модар ва дили поки фарзанд нафис асту нақшпазир, чӣ нақше, ки ба ў гузорӣ чун мушк ба худ бигирад ва чун замин аст, ҳар тухме, ки дар вай бикорӣ бирўяд». Тарбияи фарзанд рукни пойдори саодату шукуфоии оила маҳсуб мешавад. Маҳз фарзанди соҳибтарбия ва бофарҳангу хирадпеша манбаи ибрату ифтихор ва шарафу номуси хонаводаву ҷомеа буда метавонад ва ин ақидаи воқеан раднопазир аст. Дар ин маврид бо камоли ифтихормандӣ аз пешаи омўзгорӣ ибрози андеша намуд, ки дар таълиму тарбияи насли ояндасоз, зиёдтар аз волидон нақши барҷаста доранд. Ҳақиқатан, дар ҳамаи давру замон рисолати бузурги таълиму тарбияи насли наврас, ҳамчунин масъулияти пешоҳангӣ, раҳнамоӣ ва ҳидоятгарӣ бар дўши омўзгорон ва устодони соҳибтаҷриба вогузор шудааст.  Бинобар ин дар ҳар баромаду суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳсоси гарми эҳтиромгузорӣ ва таваҷҷуҳу ғамхорӣ ба аҳли зиё ифода ёфта, муаллимон махзани тиллоӣ ва равшангарони роҳи фардои ҷомеа эътироф шудаанд, ки ин баҳои арзанда ва шаҳодати раднопазир дониста мешавад. Камоли хурсандист, ки маорифчиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар татбиқу амалигардонии сиёсати маорифпарварони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгириҳои рӯзафзуни Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода, бо дарки баланди масъулиятшиносӣ дар пешрафти соҳа аз ҷумла, ободу маъмур гардонидани кишвари азиз, омӯзиши забонҳои мухталифи олам ва навовариҳои технологияи навин, тарғиби инсондӯстиву маърифатгароӣ, эҷодкориву бунёдкорӣ қадам зада, бо саъю кӯшиш дар рушду инкишофи он саҳми арзанда мегузоранд, ки шоистаи таҳсин аст.

Шогирдони азиз!

Бо оғоз гардидани соли нави таҳсил барои ҳар яки Шумо боз як давраи пурбору босаодат кушода мегардад. Шумо бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолӣ, фазои сулҳу суботи саросарӣ ба макони муқаддаси илму иршод қадам гузошта, баҳри фардои дурахшони ин миллату меҳан ва камолоти маънавии худ нерӯи зеҳнии худро муқтадир мегардонед.  Оғози соли таҳсил рӯзе аст, ки мо ба донишу маърифат ҳамчун калиди худогоҳиву бедорӣ ва ибтикору созандагӣ арҷ мегузорем.

Устодон ва толибилмони гиромӣ! Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи Шуморо бо фарорасии арҷгузорӣ ба Рӯзи дониш, рӯзе, ки ояндаи мову Шуморо чароғдорӣ хоҳад кард ва соли нави таҳсил аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муборакбод намуда, ба ҳар яки Шумо саломативу сарбаландӣ, фирӯзиву фаррухӣ ва комгории рӯзафзунро таманно дорам. Бигзор бароятон нуру зиёи донишу ҳикмат раҳнаварди ҷодаи саодат бошад!

 

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.