vtem newsroll

Баргузории аксия таҳти унвони “Зан маҳзари покизагит” баҳри баланд бардоштани маърифати экологӣ ва пешгирии ҳамагуна бемориҳои сироятӣ.

vtem newsroll

Идомаи корҳои ташфиқотӣ аз ҷониби гурӯҳи занҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба пешгирии бемории сироятии COVID 19

vtem newsroll

Натиҷаи иҷроиши буҷети ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар семоҳаи якуми соли 2020

Қисми даромади буҷети давлатӣ дар семоҳаи якуми соли 2020  101,4% иҷро гардида, ба ҷои нақша бо тағйироташ 64041180 сомонӣ, воридот 64964429  сомониро...
vtem newsroll

Натиҷаи иҷроиши буҷети ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар соли 2019

Қисми даромади буҷети давлатӣ дар соли 2019  103,2% иҷро гардида, ба ҷои нақша бо тағйироташ 243600000 сомонӣ, воридот 251377197  сомониро ташкил дод,...

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи “Рухак”-и деҳоти Ғозиëни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба бунëди боғи нав, ки дар он ниҳоли дарахтони ба содирот нигаронидашуда шинонида мешавад, асос гузоштанд.

Замини мавзеъи “Рухак”, ки солҳо боз бекорхобида ва аз гардиши кишоварзӣ дур монда буд, бо дастури бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби масъулони кооперативи истеҳсолии “Самир - Суғд” дар марҳилаи аввал дар майдони зиёда аз 1100 гектар бунëди боғи нав оғоз карда шуд.

Ҳамзамон аҳли заҳмат дар ин мавзеъ беҳтарин навъҳои ниҳоли дарахтони чормағз, бодом, анор, ангур, гелос ва хуч шинонида истодаанд, ки ба иқлими ин ҷо мутобиқ ва серҳосил мебошанд. Боғи навбунëд тавассути се пойгоҳи обкашӣ бо системаи қатрагӣ обёрӣ карда мешавад, ки аллакай дар ин самт тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шудааст. Дар мавзеъи “Рухак” имкони бунëди зиëда аз 3 ҳазор гектар боғ мавҷуд буда, масъулони кооперативи истеҳсолии “Самир - Суғд” азм доранд, ки тадриҷан майдони боғу токзорро васеъ намоянд.

Сарвари давлат бо лоиҳаи бунëди боғу токзор, гармхона, қитъаи ниҳолпарварӣ, фермаи чорвои шохдори калон, фермаи мурғпарварӣ ва қитъаи чарогоҳ барои хӯроки чорво, ки марҳила ба марҳила амалӣ карда мешавад, шинос шуданд ва ба масъулон ҷиҳати анҷоми муваффақонаи тадбири муҳим дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Маврид ба таъкид аст, ки дар мавзеъи “Рухак”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунëди фермаи чорвои калони шохдор дар масоҳати 4 гектар барои парвариши 400 сар, Фермаи мурғпарварӣ дар масоҳати 2 гектар бо парвариши 200 ҳазор сар мурғи тухмдеҳу гӯштӣ, гармхонаи парвариши сабзавоту гул дар 3 гектар ва дар 2 гектар замин қитъаи ниҳолпарварӣ бо иқтидори истеҳсолии 2 миллион бех ниҳол, аз ҷумла ниҳоли интенсивӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар сурати пурра аз худ намудани замини мавзеи “Рухак”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, бунëди фермаҳои мурғпарварию чорвои калони шохдор ва гармхонаву қитъаи ниҳолу гулпарварӣ муҳайë гардидани наздик ба 2 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ба миëн хоҳад омад.

Дар ин мавзеъ ҳамзамон иншооти ёрирасон бунёд карда шудааст, ки инфрасохтори мазкур ҷиҳати рушди соҳаҳои боғу токпарварӣ ва чорводорию парандапарварӣ замина мегузорад. Бунëди боғи ниҳоли дарахтони мевадиҳанда ба афзун гардидани иқтидори содиротӣ низ мусоидат намуда, даромади кооперативи истеҳсолии “Самири - Суғд” аз ин ҳисоб бештар хоҳад шуд.

Дар мавзеи “Рухак” бо обёрии пурраи замини талу теппаҳо имкон фароҳам мегардад, ки кишти зироатҳо ва полезӣ васеъ ба роҳ монда шуда, аҳли заҳмат дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат - таъмини амнияти озуқаворӣ фаъолона саҳм гузоранд.

СИЁСАТ

Варзиш

Иқтисодиёт

Фарҳанг

Кишоварзӣ

Маориф

РОҲБАРИЯТИ НОҲИЯ

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5
Назирӣ Зариф Вализода Назирӣ Зариф Вализода Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Абдуллозода Фаррух Орифӣ Абдуллозода Фаррух Орифӣ Муовини якуми Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Комилӣ Мастура Мухторзода Комилӣ Мастура Мухторзода Муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Юсуфӣ Акбар Муҳиддинзода Юсуфӣ Акбар Муҳиддинзода Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия
Турсунзода Дилором Турсунзода Дилором Муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1022
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта914
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта6058
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта10431
mod_vvisit_counterҲамин моҳ35577
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта27752
mod_vvisit_counterҲамагӣ352272