ВОХӮРИИ "ДЕҲА БА ДЕҲА" ДАР МАҲАЛЛАИ "ТОҶИКИСТОН-2"

    Дирӯз дар доираи ташаббуси "Деҳа ба деҳа" як қатор масъулини ноҳия бо сокинони маҳаллаи "Тоҷикистон-2"-и ҷамоати деҳоти Хистеварз мулоқот намуданд. Ҳадаф аз ин мулоқот баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии шаҳрвандон ва муҳокимаи масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ буд.

Дар ин вохӯрӣ Темиров Улуғбек, мудири шуъбаи танзими ҷашну маросими МИҲД-и ноҳия, Абдуллоев Соҳибҷон, мудири шуъбаи ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Қодирова Машҳура, сармутахассиси шӯъбаи кор бо занон ва оилаи назди МИҲД-и ноҳия, Ҷӯраева Мавлуда, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи МИҲД-и ноҳия, Искандаров Фирӯз, сардори Раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия ва Ҷӯрабоева Матлуба, муовини раиси ҷамоати деҳоти Хистеварз иштирок ва суханронӣ намуданд.

Аъзоёни гурӯҳи корӣ зимни суханрониҳои худ ба як қатор масъалаҳои муҳим таваҷҷуҳ зоҳир намуданд:

  • Ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва баланд бардоштани маърифати сиёсӣ: Таъкид шуд, ки ҳар як шаҳрванд бояд аз ҳуқуқу уҳдадориҳои худ огоҳ бошад ва дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ саҳмгузор бошад.
  • Риояи қонуни ҶТ "Дар бораи танзими ҷашну маросим дар ҶТ": Аз сокинон даъват карда шуд, ки ба муқаррароти ин қонун риоя кунанд, то аз исрофкорӣ ҷилавгирӣ шавад.
  • Пешгирии шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ: Масъулин хатари гурӯҳҳои ифротгароро шарҳ дода, аҳолиро ҳушдор доданд, ки аз таъсири онҳо эмин бошанд.
  • Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ: Ин вазифа ҳамчун рисолати шаҳрвандӣ маънидод шуда, муҳимияти он барои ҳифзи амнияти кишвар таъкид гардид.
  • Мубориза бо хурофот: Аз сокинон хоҳиш карда шуд, ки ба ақидаҳои хурофотӣ бовар накунанд ва ба илму дониш такя намоянд.
  • Истифодаи босамари неруи барқ ва замин: Барои сарфакорӣ дар истифодаи захираҳо, бахусус неруи барқ ва заминҳои наздиҳавлигӣ, тавсияҳо дода шуд.

Дар интиҳои мулоқот, сокинон имкон пайдо карданд, ки саволҳои худро оид ба масъалаҳои муҳими маҳалла мустақиман ба масъулин пешниҳод кунанд. Ба ҳамаи дархостҳо ва саволҳо ҷавобҳои мушаххас дода шуд. Чунин вохӯриҳо ба таҳкими робитаи байни мақомот ва аҳолӣ мусоидат намуда, ба ҳалли мушкилоти ҷойдошта кӯмак мерасонанд. Чунин вохӯрӣ дар дигар деҳаҳои ҷамоати деҳоти Хистеварз идома дорад.

                                                                                                                                                                        Хабарнигори “Парвозгоҳи бузургон”

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.