Ба истифода додани корхонаи истеҳсоли хӯроки паранда ва чорвои ҶДММ «Анко-Инвест» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
13 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, нахуст корхонаи истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорвои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Анко-Инвест”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхона дар шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз тарафи соҳибкори ватанӣ Илҳом Рабиев бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи Солҳои рушди саноат – 2022-2026 бунёд шудааст. Масоҳати умумии корхона 3 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, аз хатҳои истеҳсолӣ, анбори нигоҳдории ашёи хом, анбори маҳсулоти тайёр ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.Бинои корхона аз 7 ошёна иборат буда, бо истифода аз конструктсияи металӣ аз ҷониби мутахассисони маҳалӣ бунёд карда шудааст. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти навбунёд моҳи декабри соли 2021 оғоз гардидааст ва то мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтан беш аз 100 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин шудаанд. Дар корхона барои чорвои калону майда, паранда, аз қабили мурғу бедона ва моҳӣ хӯроки омехта истеҳсол карда мешавад. Иқтидори корхона дар як сол 175 ҳазор тонна маҳсулотро ташкил медиҳад. Хӯроки омехта вобаста ба ҳолат ва намуди чорвою парранда дар 12 баста бо тамғаи “Фаровон TЕZZ корм” истеҳсол мегардад. Маҳсулоти корхона дар бозори дохилӣ ба фурӯш гузошта мешавад. Технологияи хатҳои истеҳсолӣ аз Шветсария ворид карда шудааст, ки навтарин буда, ба таври автоматӣ фаъолият мекунад. Васлу насби дастгоҳу таҷҳизотро дар асоси созишнома ширкати шветсариягии “Бюллер” анҷом додааст ва пурра аз ҷониби мутахассисони маҳаллӣ идора карда мешавад. Чунин технологияи иноватсионии каммасраф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст ворид гардидааст. Маҳсулоти дар корхона истеҳсолшаванда ба стандарти байналмилалӣ пурра ҷавобгӯ буда, дорои сертификати мутобиқат аст ва дар мамлакат ивазкунандаи воридот мебошад. Ашёи хом ба корхона қисман аз дохили мамлакат дастрас карда шуда, ҳамчунин аз Ҷумҳурии Қазоқистон, Федератсияи Русия ва давлатҳои Аврупо ворид карда мешавад. Барои нигоҳдории ашёи хом бо ғунҷоиши 10 ҳазор тонна анбор таъсис дода шуд, ки бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин мебошад. Таҷҳизоти анбор истеҳсоли ширкати “Mуsilo”-и Туркия мебошад ва дар он имкони сифатнок нигоҳ доштани ашёи хом вуҷуд дорад. Маҳсулоти тайёр бошад дар бинои алоҳидаи панҷошёна нигоҳ дошта мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардидани чунин корхонаи замонавиро қадами устувор дар роҳи расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии босуръати кишвар арзёбӣ намуданд. Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти корхонаҳои ширкати “Хубҷамъ-Инвест” дидан карда, бо нақшаҳои ояндаи масъулон шинос шуданд. Дар намоишгоҳ номгӯи гуногуни орд ва маҳсулоти аз он тайёршаванда, равғани пахта ва офтобпараст, ҳамаи намуди хӯроки омехтаи чорво ва паранда, тухми паранда, инчунин маҳсулоти металлӣ ва сендвич панелҳо, ки дар корхонаҳои ширкат истеҳсол карда мешаванд, пешниҳод карда шуд. Ширкат иқтидор дорад, ки дар як сол бозори дохилиро бо 400 ҳазор тонна орд таъмин намуда, ҳамчунин ба хориҷа содирот намояд.