ТАЪКИД БА МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ
Дар идомаи силсилаи мулоқотҳои тарғиботӣ таҳти усули "Маҳалла ба маҳалла", дирӯз аъзоёни гурӯҳи корӣ бо сокинони кӯчаи ба номи Файзиев дар ҷамоати шаҳраки Ғафуров вохӯрданд. Ин мулоқот, ки ба хотири баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон баргузор шуд, масъалаҳои муҳими иҷтимоиро дар бар гирифт. Дар рафти суханрониҳо, аъзоёни гурӯҳи корӣ ба чанд нуқтаи калидӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд, ки ҳар яке дорои аҳамияти хос барои ҷомеа мебошад: роҷеъ ба масъалаи ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, таъкид гардид, ки ҳар як шаҳрванд бояд аз ҳуқуқу ӯҳдадориҳои худ огоҳ бошад ва дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ саҳми фаъолона гузорад. Риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"низ аз масоили меҳварӣ маҳсуб ёфта, аъзоён аз сокинон даъват ба амал оварданд, ки ба муқаррароти ин қонун риоя кунанд. Мақсад аз ин тавсия пешгирии исрофкорӣ ва нигоҳ доштани суннатҳои неки миллӣ дар чаҳорчӯби қонун мебошад. Инчунин масъалаи шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва пешгирӣ аз ин нерӯи хатарзо баррасӣ гардиданд. Масъулин хатари гурӯҳҳои ифротгароро тавзеҳ дода, аҳолиро ҳушдор доданд, ки аз таъсири онҳо эмин бошанд. Ин масъала яке аз мубрамтарин мавзуъҳои имрӯза буда, ба амнияти миллӣ ва сулҳу субот дар ҷомеа дахл дорад. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ низ ҳамчун рисолати шаҳрвандӣ маънидод шуда, муҳимияти он барои ҳифзи амнияти кишвар таъкид гардид. Истифодаи босамари неруи барқ ва замин аз масъалаи муҳими саривақтӣ буданд, ки дар мулоқот имрӯза баррасӣ шуданд. Барои сарфакорӣ дар истифодаи захираҳо, бахусус неруи барқ ва заминҳои наздиҳавлигӣ, тавсияҳо дода шуд.
Боиси тазаккур аст, ки вохӯриҳо ба ин усул, имкон медиҳанд, ки масъалаҳои муҳим ва мубрами рӯз мустақиман бо аҳолӣ муҳокима шаванд. Ин равиш на танҳо ба баланд бардоштани огоҳии ҷомеа мусоидат мекунад, балки боиси таҳкими робитаи байни мақомот ва аҳолӣ мегардад. Ин иқдом нишон медиҳад, ки мақомоти дахлдор ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва маърифатии аҳолӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ доранд ва кӯшиш мекунанд, ки тавассути муколамаи мустақим мушкилоти мавҷударо бартараф созанд.
Хабарнигори “Парвозгоҳи бузурон”