Фаъолияти солона: Ҷамъбаст ва вазифагузорӣ
Таҳти раёсати иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зафарбек Давлатзода маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии но...Қадршиносии тарғиботчиён
Дар баландбадории маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби ғояҳои инсондӯстиву ватанпарварӣ, таҳкимбахшии раванди худшиносиву ватандории ҷавон...Табрики Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба муносибати Соли нави 2021
Ҳамдиёрони азиз! Соли 2020 дар таърихи халқу мамлакатамон соли воқеаҳои хотирмон, рӯйдодҳои таърихӣ ва фаромӯшнашаванда ба ҳисоб меравад. Мардуми н...Чорабинии солинавӣ барои кӯдакони ятим
Таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳифзи кӯдакон,...
Дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, даъвати шашум доир гардид.
Дар иҷлосия вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, муовинони Раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории он, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.
Иҷлосия бо хондани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Вакилон ҳайати котиботро интихоб ва рӯзномаи зерини иҷлосияро тасдиқ карданд:
-Оид ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 ноябри соли 2020, №56 "Дар бораи аз вазифаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд озод намудани Назирӣ Зариф Вализода;
-Оид ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 ноябри соли 2020, №57 "Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд таъин намудани Зафарбек Давлатзода;
-Ҳисоботи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия оид ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар соли 2020;
-Оид ба тасдиқи буҷети ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои соли 2021 ва ҳисобот оид ба иҷрои буҷети ноҳия дар соли 2019;
-Оид ба таъмини иҷрои "Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои солҳои 2016-2020" ва тасдиқи "Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои солҳои 2021-2025";
-Дар бораи муқаррар намудани меъёри андозҳои маҳаллӣ ва рекламаи беруна дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои соли 2021;
-Ҳисоботи вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии "Роҳи Абрешим" №6 Усмонова Фирӯза Ибодуллоевна оид ба рафти иҷрои ваколатҳои вакилиаш;
-Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакилии вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҳавзаи интихоботии "Ваҳдат", №1
-Дар бораи таъин намудани интихобот ба ивази вакили хориҷшудаи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия;
-Дар бораи ташкили комиссияи ноҳиявии интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум;
-Оид ба масъалаи номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ;
-Тасдиқи қарорҳои Раиси ноҳия.
Тибқи масъалаҳои рӯзнома муовини якуми Раиси ноҳия Орифӣ Фаррух Абдуллозода, муовинони Раиси ноҳия Комилӣ Мастура Мухторзода, Дилором Турсунзода, сардори раёсати молия Зафар Латифзода ва музокирачиён баромад намуданд.
Инчунин вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии "Роҳи Абрешим" №6 Усмонова Фирӯза Ибодуллоевна оид ба рафти иҷрои ваколатҳои вакилиаш ҳисобот дод.
Ҳамзамон вакилон қарорҳои Раиси ноҳияро тасдиқ карданд.
Иҷлосия аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул кард.
Дар иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, даъвати шашум муовини аввали Раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар иштирок ва суханронӣ намуд.
Иҷлосия бо вазифагузориҳои иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳия Зафарбек Давлатзода ба масъулини соҳаҳои иқтисодиву иxтимоӣ анҷом пазируфт.
Дафтари матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров