деҳоти ИСФИСОР: БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМ

- Вусъат додани корҳои ободонии маҳал, истифода пурсамари заминҳои наздиҳавлигӣ ва омодагӣ ба кишти зироатҳои тирамоҳӣ ва ба ин васила захиракунии маводи ғизоӣ барои ду сол, рушди ҳунармандӣ ва бо шуғли пурмаҳсул фаро гирифтани бекорон, истифодаи сарфакоронаи об ва қувваи барқ, баландбардории ҳисси ватандустии ҷавонон дар самти хизмати харбӣ, вазъи сарҳадот ва муносибатҳои ҳамсоядорӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию тундгаро, экстремизми динӣ, риояи фарҳанги либоспушии миллӣ аз масъалаҳое буданд, ки дар мулоқоту суҳбатҳои аъзоёни ҳайати гуруҳи тарғиботӣ бо сокинони маҳаллаи "Яккатут"- и ҷамоати деҳоти Исфисор мавриди баррасӣ қарор гирифт .

Дар мулоқоти мазкур Юсуфӣ Акбар - муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Темиров Улуғбек - мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими ҷашну маросим, Абдуразоқов Абурайҳон - сармутахассиси раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия ва кормандони Ҷамоати деҳоти Исфисор иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.