САДОҚАТ БА ВАТАН ШИОРИ МОСТ!
Дӯст доштани Ватан аз эҳтиром доштан ба арзишу фарҳанги миллии халқи хеш шаҳодат медиҳад. Дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат ватандӯстӣ арзиши меҳварӣ буда, тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ, эҳтиром ба Ватан, худшиносӣ, худогоҳиро ҳамеша ба мардум, бахусус ба ҷавонон талқин менамояд.
Ватан ин маконест, ки мо дар он ҷо чашм ба олами ҳастӣ кушодаем, диёрест, ки нахустқадамҳои худро дар рӯйи замини муқаддаси он гузоштаем, сарзаминест, ки аз оби чашмасорон ва меваҳои шаҳдбори он бузург шудаем. Аз ин рӯ, мо Ватанро чун модари азиз дӯст дорем. Агар модар моро ба дунё оварда бошад, пас, мо дар домони ин хоки куҳан бузург гаштаем. Пас беҳуда нест, ки мегӯянд: “Ватан - Модар аст”. Муҳаббат ба Ватан аз давраи кӯдакӣ зоҳир мегардад ва минбаъд ташаккул меёбад. Ҳиссиёти ватандӯстӣ ин худ садоқат ба Ватан, саъю кӯшиши ба нафъи вай хизмат кардан мебошад.
Доир ба масъалаи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ таваҷҷуҳ зоҳир менамояд ва моро ҳамеша ба худогоҳӣ, хештаншиносӣ ва дӯст доштани Ватан, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги хеш ва пос доштани онҳо ҳидоят менамояд. Аз ҷумла дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд: «Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад. Мафҳуми ватандӯстиро шиори кору пайкори худ қарор диҳем ва ҳамеша дар фикри ободӣ, пешрафт ва дастгирии ҳамватанонамон бошем».
Дар маҷмуъ, гуфтан мумкин аст, ки дар шароити муосир таваҷҷуҳ ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон омили муҳим ба ҳисоб рафта, дар пос доштани арзишҳои миллӣ, худогоҳии ҷавонон, якпорчагии Ватан, ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва пешгирии насли ҷавон аз шомилшавӣ ба ҳар гуна гурӯҳҳои хатарзо накши бисёр мухим мегузорад.
А.РАҲМАТОВ – раиси ташкилоти ибтидоии деҳаи “Сойча” аъзои фаъоли ҲХДТ