ОМӮЗГОРОН ҲАМ ДАМ ГИРИФТАНДУ ҲАМ ТАБОБАТ

Умеда Болтуева, омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик, китобдори китобхонаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34-уми деҳоти Хистеварз мебошад. Ӯ пас аз анҷоми муваффақонаи соли таҳсили 2021-2022 аз рӯйи муроҷиати худ ба иттифоқи касабаи шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба Маркази табобатию солимгардонии «Соҳил» воқеъ дар шаҳри Гулистон роҳхат гирифт.

Номбурда муддати шаш рӯз (аз 20-ум то 26-уми июни соли ҷорӣ) дар осоишгоҳ ба истироҳати бофароғат ва табобат фаро гирифта шуд. Ӯ зимни суҳбат таассуроти худро аз истироҳати худ чунин баён дошт:

- Бароям хурсандиовар аст, ки чанде пеш дар Маркази табобатию солимгардонии «Соҳил» ба истироҳату фароғат ҷалб гардидам. Маркази табобативу солимгардонии «Соҳил» аз беҳтарин марказҳои  истироҳатӣ ба ҳисоб рафта, дар он макон истироҳат ва табобат дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудаанд. Дар марказ тамоми хизматрасониҳо бо шароити муосир роҳандозӣ гардида, барои мо – истироҳаткунандагон ҳама имкониятҳо фароҳам омадаанд. Се маҳал хӯроки гарм, муҳити тозаву барҳаво, табиати нотакрор, ҳуҷраҳои муҷаҳҳаз ва сифати беҳтарини хизматрасонӣ, бароям писанд омаданд. Хусусан муддати дар осоишгоҳ буданам, рӯзҳои беҳтарину фаромӯшношуданӣ буд. Муносибати хуб ва муомилаи дӯстонаи кормандон рӯҳу илҳоми тоза бахшид. Баробари истироҳат табобати марказ барои барқароркунии саломатиам замина гузошт. Умуман шароити осоишгоҳ баҳрам писанд омад. Шомгоҳон ташкили барномаҳои рангини консертӣ аз ҷониби ҳофизон ба истироҳати мо ҳусни дигар зам кард.

Ин ғамхориҳоро дида, худро хушбахттарин омӯзгор мепиндорам, ки меҳнати сахту сангини омӯзгорӣ подоши худро меёбанд, - иброз дошт, Умеда Болтуева.

Ҳамасола баҳри дастгириву ҳавасмандгардонии кормандони соҳаи маориф аз ҷониби кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои омӯзгорон, нафақагирон ва кормандони техникӣ ба осоишгоҳҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ роҳхатҳо ҷудо мегарданд. Мо ҷиҳати шиносоӣ аз раванди иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори раиси вилояти Суғд оид ба ташкили истироҳату табобати кормандони соҳаи маориф дар соли 2022 бо Абдулаҳай Абдулакимов, раиси кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи ноҳия ҳамсуҳбат шудем.

   Зимни суҳбат номбурда иттилоъ дод, ки дар соли 2022 аз ҳисоби фонди аъзоҳаққии 1,5% мувофиқи муассисаҳои маорифи ноҳия, кормандони соҳа ба осоишгоҳҳо ва марказҳои солимгардонӣ ҷалб карда шуданд, то санаи 26-уми июли соли равон 238 нафар корманди соҳаи маориф ба истироҳату фароғат фаро гирифта шуданд, аз ин 124 нафар ба Маркази табобатию солимгардонии «Соҳил», 83 нафар ба осоишгоҳи КВД «Шифо», 20 нафар ба осоишгоҳи «Ӯротеппа», 5 нафар ба ҶДММ осоишгоҳи «Баҳористон», 2 нафар ба Маркази солимгардонии «Усмонҷон» ва 4 нафар ба осоишгоҳи «Зумрад» дам гирифта, саломатиашонро барқарор намуданд. Аз ин теъдод 198 нафар омӯзгор, 21 нафар коргари техникӣ ва 19 нафар нафақагир мебошанд. Ҳамзамон дар таътили тобистонаи соли 2022 ба Маркази солимгардонии Суғд, воқеъ дар деҳоти Овчиқалъача фарзандони кормандони соҳаи маориф ҷалб гардиданд, ки аз онҳо 39 нафар бо пардохти маблағ ва 6 нафар ройгон дар марҳилаи истироҳату фароғат қарор  доранд. Зикраш бамаврид аст, ки дар ҳамаи осоишгоҳ ва истироҳатгоҳҳое, ки дар вилоят амал мекунанд, шароити беҳтарини муосир фароҳам буда, барои истироҳаткунандагон ҷиҳати   фароғату табобат ва таъмини ғизои солим тамоми имкониятҳо муҳайё карда шудаанд.

 Хурсандибахш аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф ва дастгирии ҳамаҷонибаи кормандони ин самти афзалиятноки мамлакатро дар меҳвари таваҷҷуҳи сиёсати худ қарор додаанд. Зеро маориф соҳаи калидӣ ва омили пешрафти ҷомеа маҳсуб меёбад. Дар фаъолияти худ Ҳукумати кишвар ба соҳаи маориф диққати аввалиндараҷа зоҳир намуда, таҳти сиёсати оқилона ва маорифпарваронаи Сарвари давлат тамоми нерӯву тавоноии хешро ба самти ҳаётан муҳим равона намудаанд. Маориф пояи устувори ҳар қавму миллат буда, бидуни таълиму тарбияи дуруст ва илму дониши насли наврас, рушди ояндаи давлат ғайриимкон мебошад. Барои ин нақши омӯзгор дар кори таълиму тадрис аввалиндараҷа буда, дастгирии пайвастаи кормандони соҳаи маориф дар маркази таваҷҷуҳ мебошад. Дар робита ба ин андеша қайд кард, ки дар раванди таълиму тарбияи босамари муҳассилин, барои омӯзгорон тамоми иқдомоти зарурӣ ва имтиёзҳои  ҳавасмандгардониву ба истироҳату фароғат фаро гирифтани онҳо роҳандозӣ гардидаанд, ки хушбахтона аз ин дастгириҳо кормандони соҳа бахубӣ бархурдор ҳастанд.

 

Парвина РаҲимова,

мухбири «Хуҷанд»      

 

 

 

 

 

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.