Иҷрои саривақтии вазифаҳо муҳиманд
Дар Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки сардори Раёсати маорифи вилоят Мадина Набизода, сармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Насимҷон Муродов машварати васеъ доир гардид. Дар машварат сарварони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабии ноҳия ширкат варзиданд.
Машварат таъмини муассисаҳои таълимии ноҳия бо кадрҳо, сару либоси тавсиявии мактабӣ, омодагии муассисаҳои таълимӣ ба давраи тирамоҳу зимистони соли 2022 - 2023 ва соли хониши нав, таъмиру тармими биноҳои таълимӣ, пешгирии ҷиноят ва ҷиноятсодиркунӣ амсоли ин гуна масъалаҳоро фарогир буд.
Сардори Раёсати маорифи вилоят Мадина Набизода аз сарварон ва масъулони муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати ҳалли масъалаҳои зикршуда пурсиш ба амал оварда, баҳри таъмини саривақтиву хушсифатии вазифаҳо дастуру супоришҳо дод.
Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.