ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – КАФИЛИ САРҶАМЪИЮ ХУШБАХТӢ

Ваҳдат, сулҳ ва ягонагӣ. Ин калимаҳо барои кулли мардуми тоҷик азизу муқаддасанд. Маънии калимаи ваҳдатро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле хуб шарҳ додаанд:

 “Ваҳдат барои мо як вожа ва калимаи одӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯи ояндаи ободу  осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили  сарҷамъию хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст.” Аз ин рӯ, ин мафҳуми муқаддас миёни мафҳумҳои барои мо пурарзиш, чун сулҳу амният, маърифату фарҳанг, ватандориву ватандӯстӣ, андешаву шуур ва ҳувияти миллӣ ҷойи махсуси худро дорост. Ваҳдат сароғози ҳамаи комёбиҳо, созандагию ободкориҳо, ибтидои  суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва некуаҳволии ҷомеаи навин, ҳамчунин, худогоҳиву худшиносӣ баҳри миллати мо маҳсуб меёбад.

Ваҳдати миллӣ буд, ки кишвари тозаистиқлоли моро аз вартаи нобудшавӣ наҷот бахшид ва дар пойдории халқу кишвари мо нақши мондагор гузошт. Маҳз андешаҳои миллӣ, миллати моро аз имтиҳони таърих сарбаландона раҳоӣ бахшида ба соҳили умеду орзуҳо расонид. 

Ваҳдати миллӣ пояндаву устувор ва халалнопазир буда, ҳеҷ неруе наметавонад, онро халалдор созад. Мо бояд ҳамдилу ҳамфикр бошему барои ободию осудагии Ватани маҳбубамон якҷоя саъю талош варзем.   

 Мавлуда МАВЛОНОВА, омӯзгори МТМУ №15

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.