КОНСТИТУТСИЯ – БАХТНОМАИ МИЛЛАТ

       Ҳамасола 6-уми ноябр дар саросари кишвари азизамон Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Имсол бошад, кулли  мардуми сарбаланди диёр 30-солагии ин санаи муҳими таърихиро таҷлил менамоянд.

Дар робита ба ин санаи муҳими таърихӣ дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоӣ чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ  баргузор гардида истодааст. Аз ҷумла, дар коллеҷи тиббии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дарси кушоди тарбиявӣ бо роҳбарии омӯзгор - Мубина Сатторова таҳти унвони “Конститутсия – бахтномаи миллат” баргузор гардид.

Донишҷӯёни муассиса, доир ба қабули Конститутсия маълумот дода, музокираи пурмуҳтаво намуданд. Ҳамчунин, оид ба дастоварду пешравиҳои кишвари азизамон  наворҳои  ҷолиб ба намоиш гузоштанд.

Дар интиҳо, намояндаи кумиҷроияи ноҳиявӣ Абдурасул Турдиев ибрози андеша намуда, аҳли толорро бо ин санаи муҳими таърихӣ муборакбод намуд ва  қайд кард, ки воқеан ҳам Конститутсия бахтномаи давлату миллат ба ҳисоб рафта, дар асоси меъёрҳои Конститутсия ба мо муяссар гардид, ки пояи устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори сиёсӣ ва иқтисодии кишаварамонро таъмин намуда, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам оварем.

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.