Оғози мусобиқаи футбол байни ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Имрӯз, 18-уми феврал бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси нақшаи чорабиниҳои тасдиқнамудаи Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Давлатзода Зафарбек ва Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Каримзода Мирзоқосим дар майдончаи варзиши МД мактаби варзишии ноҳия мусобиқаи ноҳиявӣ оид ба футбол байни дастаи кормандони МИҲД ва дастаи Раёсати омор, шуғли аҳолӣ ва бойтори ноҳия ташкил ва баргузор карда шуд, ки дар натиҷа бо ҳисобй 5:0 ба ҳисоби дастаи МИҲД рост омада, ба марҳилаи навбатӣ роҳ ёфт.

Мақсад аз баргузории мусобиқаи мазкур ин пеш аз ҳама, таҳкими тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш, мустаҳкам намудани алоқаи дустӣ, дарефт ва интихоб намудани варзишгарони болаёкӯқат ва бо ин васила дурусту мақсаднок истифода бурдани иншооти варзишӣ ба ҳисоб меравад.

 

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.