ДАР ТОҶИКИСТОН БОРИ НАХУСТ БИОГАЗ ИСТЕҲСОЛ КАРДА ШУД

Сокини деҳаи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Шавкат Собитов аввалин нафаре дар Тоҷикистон шуд, ки истеҳсоли гази табиӣ аз поруи чорворо таҷриба намуд.

Номбурда дар гузашта барои таъмини эҳтиёҷоти рӯзгори худ асосан ҳезум, ангишт ва дигар намуди маводи сӯхтро харидорӣ менамуд. Дар ин хонавода ҳамакунун бо истеҳсоли гази табиӣ кулли хароҷот барои харидории дигар навъи сӯзишворӣ аз байн рафт.

Дар инҷо гази табиӣ тариқи таҷҳизоти биореактор истеҳсол карда мешавад. Таҷҳизот поруи бо об омехташударо коркард намуда, биогаз ва бионурӣ истеҳсол мекунад.

Биогазро барои пӯхтани хӯрок ё гарм кардани об истифода бурдан мумкин аст.

Дар натиҷаи амалӣ намудани ин таҷриба бионурӣ низ истеҳсол мешавад, ки ҳосилхезии заминро беҳтар менамояд.

Барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, ки дар ин самт Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста тадбирҳои заруриро дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон амалӣ менамояд, ташкилоти ҷамъиятии “Нексигол Мушовир” бо дастгирии шарикони рушд дар 7 шаҳру ноҳияи мамлакат барои хонаводаҳои деҳот ба таври таҷрибавӣ дастгоҳҳои истеҳсоли биогазро дастрас ва васлу насб намуд.

Зимни ба кор даровардани аввалин дастгоҳи истеҳсоли биогаз дар деҳаи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шарикони рушд таъкид намуданд, ки бо кӯмаки ин технология хонаводаҳои деҳот ва хоҷагиҳои чорвопарварӣ бар ивази сӯхтани пору, акнун метавонанд ҳам дорои манбаи энергияи тоза барои хӯрокпазӣ ва гармкунии хонаҳо шаванд ва ҳам барои баланд бардоштани ҳосилхезии заминҳои худ бионурӣ истеҳсол кунанд.

Технологияи биореакории истеҳсоли биогаз дар байни давлатҳои Осиёи Марказӣ маротибаи аввал дар Тоҷикистон истифода шуд.

Мақсад таъмини хонаводаҳои деҳот бо сӯзишвории тоза ва арзон, кам кардани партови метан ба атмосфера ва ҳамин тариқ маҳдуд намудани гармшавии глобалӣ арзёбӣ мешавад.

Хотирнишон бояд кард, ки ширкати ватании "Нексигол Мушовир" ва ширкати байналмилалии "Sistema.bio"​ барои татбиқи лоиҳа созишномаи ҳамкорӣ имзо намуда буд.

Технологияи биореактории истеҳсоли биогаз дар доираи Лоиҳаи “Рушди деҳот тавассути муносибатҳои бозоргонӣ” (MDRD), ки аз ҷониби Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) маблағгузорӣ ва аз ҷониби ACDI/VOCA иҷро мешавад, истифода гардид.

Сӯҳроб ОТАЗОДА,

"Ҳақиқати Суғд"

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.