ЛИБОСИ МИЛЛӢ – ФАРҲАНГИ МИЛЛАТ

Таърих гувоҳ аст, ки зан - модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат маҳсуб ёфта, нишонаи асосӣ либоси миллии онҳо ба шумор меравад. Вақте ки сухан дар бораи либоси миллӣ меравад, ҳатман симои занон, бонувон бо сару либоси хосаи зебо пеши назар менамоянд.

      Афсӯс, ки солҳои охир ҳусни либоспӯшии занони тоҷик коста гардида, сари ин масъала ба ҳуввияти миллӣ ва фарҳанг баҳсҳои доманадор ба вуҷуд омада, он идома доранд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки духтарон ва занҳои тоҷик либосҳоеро, аз ҷумла сатру ҳиҷобро ба бар мекунанд, ки ба онҳо ҳеҷ зебанда нест!

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид карданд: “Вақтҳои охир тамоюли бегонапарастӣ ва бафарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ ба як раванди ташвишовар табдил ёфтааст. Ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сару либос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад.” Дар робита ба масъалаи мазкур ҷиҳати пешгирии ҷавонон аз тақлид ба фарҳанги бегона ва тарбияи намудани онҳо дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, ба масъалаҳои арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ, одоби пӯшидани сару либос, риояи меъёри муқараргардидаи тартиби либоспӯшӣ мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Гафуров - Ӯғулой Ҳоҷибоева ва мудири занони кумиҷроияи ноҳиявӣ Муяссара Солиева дар маҳаллаҳои ҷамоати деҳоти Ғозиён бо занҳои хонашин сӯҳбатҳои судманд баргузор намуда, аз ҷумла қайд намуданд, ки занони мо бояд бетараф набошанд ва дар замири ҷавонон ва фарзандонамон фарҳанги либоспӯшии миллиро бедор намоянд. Зеро либоси миллӣ-рукни фарҳанги миллат мебошад.

Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Б.Ғафуров 

 

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.