ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ИСМОИЛ: МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМ БАРРАСӢ ШУДАНД

    Деҳаҳои Оламтоб, Заркон ва Шоқадами Ҷамоати деҳоти Исмоил аз деҳоти дурдасти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маҳсуб ёфта, аз маркази ноҳия тақрибан 50-60км ва аз маркази Ҷамоат дар масофаи 30-40км ҷойгир гардидаанд.

Ҳайати гурӯҳи тарғиботии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Халифаёр П. – мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳия, Темиров У. – мудири бахши кор бо дин, танзими ҷашну маросим, Қодирова М. – сармутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оила, намояндагони кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ - Солиева М. Негматҷонова С., Убайдуллоева М. якҷоя бо кормандони масъули Ҷамоати деҳоти Исмоил дар баробари баргузории мулоқоту вохӯриҳо бо аҳолӣ бо вазъи зисту зиндагонӣ ва муаммоҳои ҷойдоштаи деҳаҳои номбурда шинос шуданд.

Тарғиботчиён зимни суханронӣ дар доираи ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани соли 2024 – Соли маърифати ҳуқуқӣ дар бораи тағйиру иловаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, муҳтавои суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар (09.03.2024), пешгирии ҷинояткорӣ, оқибатҳои харобиовари шомилшавӣ ба равияҳои тундгаро ва моҷароҷӯ, нашъамандию нашъаҷаллобӣ, посдории анъанаҳои фарҳанги баланди ниёгон, заминдорӣ ва дигар масъалаҳои ҷойдоштаи ҷомеаи ҷаҳони муосир дар муқоиса бо рӯзгори тинҷу ободи мардуми Тоҷикистон корҳои фаҳмонидадиҳӣ доир намуда, идома бахшидани корҳои бунёдкориву созандагиро ба хотири устувории ваҳдати миллӣ ва истиқлоли давлатӣ талқин намуданд.

 

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.