ТАНЗИМ – КАФИЛИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА

   Қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон ”Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон “17 сол муқаддам бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некуаҳолии мардуми кишвар қабул шуда, он чун қонуни миллӣ дар ҳаёти иҷтимоӣ ва маънавии мардуми мо нақши муҳим гузошт. Вале солҳои охир ҳолатҳои риоя нагардидани талаботи  қонуни мазкур ба мушоҳида мерасиданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти навбатиашон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин, ки 9 марти соли равон баргузор гашта буд, пешниҳод доштанд, ки бо назардошти таҷрибаи дар ин самт андӯхташуда қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” ва “ Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар таҳрири нави ҷавобгӯ ба талаботи замон қабул карда шавад.

Санаи 20 июни соли равон қонуни мазкур дар таҳрири нав бо иловаи як бобу панҷ модда, яъне аз 6 боб ва 22 модда қабул гардид. Дар таҳрири нави қонуни мазкур калимаҳои “ анъана ва “ гирифта шуда, он Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон”Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” номгузорӣ шуд.

Қонуни мазкур тартиби гузаронидани ҷашну маросимро муайян карда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб, баланд бардоштани маънавиёт ва сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми Тоҷикистон равона гардидааст

Таассубкорӣ, ифротгароӣ, рӯ овардан ба фарҳанги бегона, даст задан ба ҷинояткорию фасод сар мезанад.

Дар гузашта донишмандони бузург надонистани тартибу низом ва меъёру андозаро сабаби асосии нокомию номуродӣ ва фақирию нобарории мардум дар зиндагӣ донистаанд:

Андоза нигаҳ дор, ки андоза накуст,

Ҳам лоиқи душман асту ҳам лоиқи дӯст.

 Ва ё:

Ҳама кори шоҳони шӯридабоб,

 Аз андоза нашнохтан шуд хароб.

Бале, басомон набудан, яъне тартибу низом надоштан, меъёру андозаро нигаҳ дошта натавонистан инсонро нотавону рӯзгорашро харобу вайрон мекардааст.

Бархе аз расму оинҳо - тӯйю маъракаҳои пурдабдабаю бошукӯҳ, дар мавриди хонадоркунии фарзандон, исрофу беэҳтиётӣ, ки одамон баҳри анҷом додани онҳо вақт ва маблағҳои зиёд харҷ мекарданд, ки боиси норозигӣ ва эътирози мардум ҳам мегардид.Баргузории маъракаҳои пурдабдаба асосан аз рӯйи гуфтаи “Ман аз кӣ кам?!” ва бо мақсади худнамоишдиҳӣ ташкил мешаванд, ки ноилоҷ ба қадри имкон ё маҷбуран рафторашонро ба дигарон мутобиқ карда, тақлидкорона маъракаҳояшонро мегузаронданд. Тақлидкории кӯр - кӯрона гоҳо боиси сарсонию пушаймонӣ, нооромӣ дар рӯзгор ҳам мешавад.

Барои оростани тӯйи арӯсию домодӣ “анъанаҳо”-и нав ворид шудаанд: аз қабили сабадҳои зиёдро бо ширинҳои пурқимат ҳадя намудани қудошавандаҳо, пеш аз рафтани арӯс бурдани мебелҳои баландсифат, барои рӯзҳои аввали арӯсӣ ба киро гирифтани чанд намуд ҷиҳози арӯсӣ, дар шаби тӯй рӯйи дастурхонро бо маводҳои аз ҳад зиёду қимат оростану чанд хӯроки гарм пешкаши меҳмонон кардан, ки аксарашон исроф мегарданд. Сарояндаи шинохта, раққосаҳои гурӯҳӣ ва аз ҳама аҷибаш дар мобайни тӯй овардани ширинӣ - тортҳо ва аз тахти нишаст ба саҳна фаромада, арӯсу домод ба ҳамдигару падару модар, бибию бобо ва дигар пайвандон чашонидани ширинӣ ва дар доираи ҳамагон дастобадаст гирифта рақсидани арӯсу домод чӣ мазмун дошта бошанд? Ба “сенария” -и тӯйҳо боз як чизи дигар илова шудааст, ки ин ба тамоми хешону пайвандони арӯсу домод тақдим намудани гулдастаҳои бисёр аз тарафи ҷӯраҳои домод мебошад. Оё намешавад, маблағҳои онро чун туҳфа ба арӯсу домод ҳадя созанд? Магар ин ҳама аз фарҳанги миллии мост?!

Бо гуфти Саъдии бузург:

 Ба дахлу харҷи худ ҳар дам назар кун,

Чу дахлат нест,харҷ оҳистатар кун.

Дар қонуни мазкур боби 3, моддаи 12 омадааст, ки тӯйи домодию арӯсӣ бо гузаронидани на зиёда аз ду маърака ва дар давоми на бештар аз ду рӯз ба таври ихтиёрӣ бо оростани зиёфат барои то 150 нафар ва додани оши тӯй барои то 200 нафар аз ҳисоби ду ҷониб гузаронида мешавад. Маросими домодталбон дар доираи оила бо таври ихтиёрӣ бо иштироки то 15 нафар гузаронида мешавад.

Дар қонун инчунин дар рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбон оростани дастурхони камхарҷи идона, исрофкорӣ, тақдими туҳфаҳо ва “ идгардак” манъ шудааст, ки дар қонуни қаблӣ он дида намешуд.

Ҳамчунин, қонун дар таҳияи нав маросими ҳаҷ ва умраро низ ба танзим даровардааст.  Дар ҳақиқат, кор ба дараҷае омада расида буд, ки  баъзе ашхос маротибаҳои зиёд ба  сафари ҳаҷ ва ё умра рафта, гӯё  бо ҳам дар “мусобиқа “ буданд. Баъди аз ҳаҷ баргаштан тағйирот дар сару либос, карру фар дар рафтору гуфтор, оростани маъракаҳои сехарҷи ҳоҷизиёрату, ҳоҷибинон, ҳоҷиталбон, тафриқаандозӣ байни ҷомеа, яъне шуҳратталабӣ дида мешуд.

Дар ин санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки дарбаргирандаи марому мақсад, арзишҳои ахлоқиву динӣ ва таърихиву фарҳангии мардуми Тоҷикистон мебошад, тартибу низоми баргузории аксари маросиму ҷашнҳои мардумӣ ба инобат гирифта шудаанд. Пос доштани арзишҳои миллӣ ва тарбияи ватандӯстии ҷавонон аз ҷумлаи муҳимтарин тадбирҳое ба шумор мераванд, ки аз пайомадҳои номатлуб ва таҳдиду хатарҳои манфии раванди ҷаҳонишавӣ, аз ҷумла таҳмили унсурҳои фарҳангу мазҳаби бегона ҳифз  мекунад.

 Яке аз хусусиятҳои хоси қонун он аст, ки шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ низ уҳдадор гардидаанд, ки рукнҳои фарҳанги миллӣ, ба монанди донистани забони давлатӣ ва пӯшидани либоси миллиро риоя намоянд. Дар боби 5, моддаи 18 омадааст, воридот, фурӯш, тарғиби либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона, инчунин дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани чунин либосҳоо манъ мебошанд.

Хулоса, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд  бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.

Дар боби 6, моддаи 20 омадааст, ки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 Тамоми сокинони кишварро зарур аст, ки дар ташаккули низоми арзишҳои миллӣ, ки тамаддуни қадимаи тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд, саҳмгузор бошанд, ба исрофкориву хурофотпарастӣ, ки ба фарҳанги мо бегона мебошад, роҳ надиҳанд.

 Моро зарур аст, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ, маданияти баланд, рафтору гуфтор, тафаккур ва амалҳои некамон дар баробари саҳм гузоштан дар ободӣ ва рушду нумӯи Тоҷикистони азиз, арзишҳои неки гузаштагонамонро аз қабили  расму оин ва урфу одатҳои миллӣ мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор дода, тибқи талаботи қонун амал намоем..

Мавлуда ҲОҶИБОЕВА, аъзои Иттифоқи журналистон Тоҷикистон

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.