Паёмадҳои тағйирёбии иқлим, таъсири он ба соҳаи токпарварӣ ва роҳҳои бартараф намудани он
Мухбири рӯзноами "Хуҷанд" Розиқҷон Муталлибов бо номзади илмҳои кишоварзӣ, мудири шуъбаи токпарварии филиали Суғдии Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Абдуллоҷон Тоҳиров ҳамсуҳбат шуда, ба чанд саволи хеш посух гирифтааст. Фишурдаи он пешкаши хонандагон карда мешавад:
-Ангур яке аз меваҳои серистеъмоли халқи тоҷик аст. Оид ба таърихи токпарварӣ ва аҳамияти меваи он - ангур маълумот медодед.
-Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қадимулайём соҳаи токпарварӣ яке аз соҳаҳои асосии кишоварзӣ ба ҳисоб мерафт. Парвариши буттаи токро аҷдодони тоҷикон яъне Суғдиён, Бохтариҳо, Сакоиҳо аз шуғлҳои дӯстдошта меҳисобиданд. Дар асрҳои 2 - 1 то мелод сайёҳи юнонӣ Квинт Крутсий Руф навишта буд, ки "Бохтар табиати гуногун дорад, дар он ҷо ток меваи бисёр ва ширин медиҳад". Соли 126 то мелод сайёҳи Чин Чҷан Кянъ қаламчаи токро аз водии Фарғона ба Хитой бурдааст. ҳоло дар ҷаҳон беш аз 8 ҳазор ва дар Тоҷикистон 236 навъи ангур (193 навъи маҳаллӣ) парвариш карда мешавад. Дар иқлими Тоҷикистон навъҳои гуногуни ангур дар чунин муҳлатҳо мепазанд: навъҳои ангури пешпазак: авшон, бозорӣ, дороии сафед, дороии сурх, дороии сиёҳ, зоғаки пешпазак, сиёҳи калони умарӣ, сиёҳи худбаромад, сурхаки майда, сурхаки сиёҳ, танасафедак, халилии сафед, халилии сиёҳ, хаппак, чиллагии сафед, чиллагии сафеди ленинободӣ, чиллагии сиёҳ, чиллагии сурх.
Навъҳои ангури миёнапазак: ангури сурхак, ангури сурхи конибодомӣ, баҳорӣ, бедона, бедонаи кивронӣ, беном, бӯрангур, ванҷӣ, васарғаи сафед, ғайримуқаррар, гарданкӯтоҳ, гурдаи говаки ҳисорӣ, ҷаваки сурх, хӯшадарози сурх, мухчалонӣ, обаки сурх, обаки Қистақӯз, обаки ҳил-ҳил, обаки якдона, сабзаангур, сабзи карс, сафеди калонак, сероб, сиёҳи шул, сурхи китобӣ, сурхи кулӯла, ҷавз, тагобӣ, фахрӣ, чарас, чиннитоифӣ, шакарангур, шакарангури самарқандӣ, шукурти сафед, шукурти сурх, якдонаи сурх, якдонаи сафед, қаробоғӣ, қарокалтак, ҳусайнии бигизӣ, ҳусайнии сафед, ҳусайнии мӯрчамиён, ҳусайнии сиёҳи қазноқӣ, ҳусайнии чиллагӣ.
Навъҳои дерпазак: азимбоӣ, алиток, ангури сиёҳи калон, ангури сиёҳи ҳисорӣ, ангури сиёҳи косатарош, бахтиёрӣ, говангур, гудунги панҷакентӣ, хонатарош, ҷаваки дегрезӣ, ҷавзи сафед, ҷавзи сиёҳ, ҷигарӣ, думи рӯбоҳ, думи рӯбоҳи сиёҳ, зардангур, исфисорӣ, қаламфурӣ, қайроқӣ, каттақӯрғонӣ (маска), луфтоки кивронӣ, луфтоки сафед, лаъли сурхи боғи ҳабиб, лаъли холдори турконӣ, лаъли хордор, маскаангури дегрезӣ, маскаи сиёҳ, мехчаобак, мевагии хонатарош, милаи гов, муносои нимранг, нимранги дуҷинса, обаки сабз, обаки якдона, обаки сурх, обаки сиёҳ, оқила, оромзебӣ, одинаи сурх, раҳими сӯфигӣ, резак, сангинӣ, сариангуштӣ, сафеди ҷигарӣ, сиёҳии бедона, сиёҳи майда, сиёҳи миёнаи кивронӣ, сиёҳи мевагӣ, сиёҳи турконӣ, сурханаки китобӣ, сиркоӣ, танақӯзӣ, тирамоҳӣ, тодакчӣ, тоифӣ, тоифии сафед, тоифии сурх, тарангони сафед, туркманӣ, тутак, теватишӣ, теватишии ғончӣ, устоназарӣ, замиран, халилии навотниёзӣ, ҳиндгонӣ, хорпуштак, чашми гӯсола, чочи шутур, шакаробак, шакарак, шаробӣ, широбак, шутурангур, шӯртак.
Дар таркиби ангур 15-30 фоиз қанд (аз нисф зиёдаш глюкоза), 0,5-14 фоиз туршӣ, 65-85 фоиз об, моддаҳои нитрогендор, намакҳои минералӣ (K, Ca, Mg, P, Fӯ, Mn), кислотаи органикӣ ва витаминҳо (А, С, В ва ғайра) мавҷуданд. Як литр афшураи ангур (вобаста ба навъаш) 700-1000 каллория дорад, ки аз каллорияи афшураи себу олу ду баробар зиёд аст.
Қанди афшураи ангур зуд ва осон ҳазм шуда, организмро аз сарфи зиёдатии чарб ва сафеда нигоҳ медорад. Туршию намакҳои минералии ангур ҳазми таом, мубодилаи моддаҳо ва кори асабро беҳ мегардонад. Бинобар он ангурро барои табобати бемориҳои рӯҳӣ, хасташавии ҷисмонӣ, камхунӣ, лоғарӣ, иллатҳои дилу гурда ва шуш бештар тавсия мекунанд.
Ангур кори гурда, талхадон ва ҷигарро беҳ месозад, карбамиди таркиби хунро кам карда ҷараёни дар организм ғуншавии намак ва оҳакро суст мегардонад. Истеъмоли ангур барои паст кардани ғалаёни хун, балғамронӣ, муолиҷаи полиартрит, сил, тарбод ва диқи нафас муфид аст. Илми тиб муқаррар кардааст, ки ҳар шахс бояд рӯзе 300-500 грамм ангур истеъмол кунад.
-Дар бораи вазъияти имрӯзаи току парвариши он чӣ мегӯед?
-Имрӯзҳо бунёди токзорҳои нав аз навъҳои хӯрданбобу содиротӣ дар тамоми ноҳияҳои ҷумҳуриамон вусъат дорад, ки мардуми ҷумҳурии офтобрӯяи мо на танҳо барои бо меваи шаҳдбору биҳиштӣ таъмин намудани аҳолии худ, балки содироти онро хуб ба роҳ монда, эҳтиёҷи халқҳои мамлакатҳои дигарро баровардан мехоҳанд. Чуноне ки исбот шудааст: дарахт ва буттаи он барои инсон ҳам соя, ҳам сӯзишворӣ (ҳезум) ва ҳам манбаи мева маҳсуб меёбад.
ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ин соҳа таваҷҷуҳи хоса дорад. Дар Паёми худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он 26 декабри соли 2019 ироа гардид, қайд намуданд: "Дар солҳои минбаъда пайомадҳои манфии тағйирёбии иқлим ба соҳаи кишоварзӣ низ меафзояд. Сол ба сол афзоиш ёфтани масоҳати заминҳои бекор, биёбоншавӣ ва камобиву хушксолӣ боиси торафт паст шудани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ мегардад. Моро зарур аст, ки маданияти баланди заминдориро риоя намуда, ҷиҳати истифодаи самараноку сарфакоронаи об барои обёрии заминҳову зироатҳо ҷорӣ намудани технологияҳои каммасраф дар соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи захираҳои об тадбирҳои доимӣ андешем". Алҳол дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ аз рӯи ҳамин нишондод корҳо ҷараён доранд.
-Барои рӯёнидани ҳосили баланди хушсифати ангур кадом тадбирҳоро ҷорӣ кардан мувофиқи мақсад аст?
-Таҷрибаи илмии ҳосилшуда анҷом додани як қатор корҳои агротехникиро дар токзорҳо зарур мешуморад. Хусусан дар моҳҳои декабр-январ-феврал ба иҷро расонидани амалҳои зерин ҳатмӣ мебошанд:
а)Ворид намудани поруи органикӣ ба андозаи 30 тонна барои як гектар дар давоми ду сол як маротиба. Аҳамияти пору дар он мебошад, ки таркиби хокро беҳтар мегардонад, қабати ҳосилхезӣ (гумуснокӣ) зиёд мегардад, наминигоҳдории хок хуб мегардад, микроорганизмҳои фоидаовари қабати хок бисёр шуда (бактерияҳо, замбӯруғҳои фоиданок) фоизнокии гумусро зиёд мегардонад.
б)Ворид намудани нурии минералӣ бо вазни физикӣ - фосфор 500 кг ба як гектар, калий 50 фоиз аз меъёри солонааш яъне 80 кг ба як гектар пеш аз шудгор пошида мешавад. Ин тадбир ҳосилнокиро зиёд намуда, сифати меваро беҳтар менамояд, буттаи токро ба касалӣ тобовар гардонида, навдаҳо дар охири нашъунамо хуб мепазанд.
в)Шудгори байни қатор агар дар чуқурии 30-35 сантиметр гузаронида шавад, структураи хок хуб мешавад, тухм ва алафҳои бегона мепӯсанд, тухми кирмҳои ҳашароти зараррасон нобуд мегардад.
г)Яхобмонӣ дар фасли зимистон яке аз роҳхои пешгирии камборишии фасл ба ҳисоб рафта, он аз мавзеи ҷойгиршавии токзор вобаста аст. Агар токзор дар мавзеи соҳили рости дарёи Сир ҷойгир шуда бошад, меъёри яхобмонӣ ба як гектар барои як яхобмонӣ 700-800 м3/га мебошад. Агар боришот дар фасли зимистон кам ба амал ояд, дар як моҳи сард то 2 маротиба яхобмонӣ гузаронида шавад, фоидаи хуб медиҳад. Натиҷаи фоидаи яхобмонӣ аз он иборат аст, ки ҳашаротҳои зараррасонро нобуд месозад, об дар қабати решаҳои корӣ ҷой гирифта, аз 50 то 120 сантиметр хуб захира мешавад, ҳосилнокии зироат аз 25 то 31 фоиз зиёд мегардад.
д)Токбуррӣ тадбири агротехникии зарурӣ ба ҳисоб рафта, онро дар мавзеъҳои токпарвар дар муҳлатҳои гуногун иҷро менамоянд. Дар токзоре, ки дар мавзеъҳои гуногуни ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ашт, Конибодом ҷойгиранд, муҳлати бурриши ток дар вақти зимистони муътадил, ки ҳарорати ҳаво аз ӯ5 зиёд мешавад айни муддаост. Ток чӣ қадаре, ки барвақт бурида шавад, ҳамон қадар фоиданок аст. Сабаб дар он мебошад, ки моддаҳои ғизоие, ки ток ба худ ҷамъ карда буд, аз навдаҳо шорида намеравад. Агар ток дер бурида шавад, ин ҳолатро мушоҳида кардан мумкин, вале ба ин набояд роҳ дод. Токҳое, ки дар шпалерҳо бунёд шудаанд, дар вақти буридан ба ҳар буттаи ток ба қуввааш нигоҳ карда, аз 80 то 180 чашмак ё аз 12 то 24 навда мегузоранд. Дар токҳои уфуқии бо тарзи воиш (чӯбҳои бар сари сутунҳо баста, ки токи ангур болои онҳо шоху навда паҳн мекунад, хавоза) бунёд шудаанд, бо назардошти навъҳояш ва қувватнокиаш аз 180 то 280 чашмак ё аз 26 то 48 навда гузоштан мумкин мебошад. Миқдори чашмак ё навдаҳо дар асоси гузаронидани корҳои илмӣ - таҳқиқотии олимони соҳа тавсия карда шудааст.
-Паёмадҳои манфии тағйирёбии иқлим ба соҳаи токпарварӣ чӣ гуна таъсир дорад ва роҳҳои бартараф кардани он кадом аст?
-Бояд ба деҳқонон ва хоҷагидорони токпарвар ёдовар намуд, ки дар фасли зимистон агар ҳарорати ҳаво аз ӯ5 баланд шавад, бар зидди ҳашарот ва касалиҳои боғот коркарди кимёвӣ гузаронидан мумкин аст. Дар ин маврид аз чунин препаратҳо - мояи бордоси 3 фоиза ва заҳрдоруи ДНОК 40 фоизаи хокаи ҳалшаванда ба як гектар истифода шавад, касалӣ ва ҳашаротҳои зироатҳоро нобуд месозад.
Дар ҳолати иҷрои чунин корҳои агротехникӣ дар муҳлат ва бо меъёрҳои муқарраршуда дар боғот ҳосили фаровон ва аълосифат гирифтан мумкин аст ва иҷрои ин намуди корҳои агротехникӣ нашъунамои токзорро дар шароити зарурӣ хуб таъмин менамояд.
Умедворам, ки токпарварон аз таҷрибаҳои анъанавии аҷдодӣ (хоси ҳар як минтақа мебошад) истифода мебаранд, баробари он аз усулҳои замонавии коркард бебаҳра намемонанд. Вобаста ба вазъи боду ҳаво ба токпарварӣ машғул гардида, ҳосили дилхоҳ ба даст меоранд, ки ҳам коми худашону ҳам мардуми таҳҷоӣ ширин мегардаду ҳам ба хориҷа содирот карда мешавад.
Ба ҷойи савол: Хеле мехостам, соли нави 2021 соли бобарор бошад. Дар ҳамаи соҳаҳо комёбиҳо ёр гардад. Боғоти Ватанамон, ки манбаи меваҳои шаҳдбор мебошад, файзу баракаташро арзонӣ дорад. Шумо барин мутахассисон бо маслиҳатҳои муфиди худ дастгири деҳқонону боғу токпарварон бошед. Ба Шумо ҳам дар кашфи навъҳои ба иқлим тобовари ангур муваффақиятҳо хоҳонам. Чун илму амал якҷо шуд, натиҷаи дилхоҳ хоҳад дод.
-Ташаккур!