РУШДИ КИШОВАРЗӢ ОМИЛИ ФАРОВОНИИ ХОНИ МАРДУМ

Соҳаи кишоварзӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров самти афзалиятнок маҳсуб ёфта, барои рушди ҳамаҷонибаи он тадбирҳои судманд амалӣ карда мешаванд. Дар шаш моҳи соли 2022 дар самти кишоварзӣ бо мақсади оқилона ва самаранок истифода бурдани замин, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тибқи дурнамо дар хоҷагиҳои кишоварзї гузаронидани кишти зироатҳо дар майдони 27027 гектар, ки аз он 22949 гектар дар заминҳои обӣ мебошад, роҳандозӣ шуд.

 

    Аз он ҷумла, майдони кишти ғалладонагиҳо дар майдони  10823 гектар, зироатҳои техникї 8351 гектар аз он кишти пахта 8028 гектар, сабзавот 2209 гектар, картошка 284 гектар, полизӣ 552 гектар ва зироатҳои хӯроки чорво 4805 гектар мебошад.

Дар натиҷаи сари ваќт истифода кардани нуриҳои минералӣ ва риояи талаботҳои агротехникӣ, ҳамчунин ворид намудани тухмиҳои серҳосил барои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо дар ноҳия замина гузошта шуда истодааст. Инчунин бо мақсади гирифтани се-чор ҳосил ва ба роҳ мондани истифодаи самараноку оќилонаи заминҳои корами обӣ гузаронидани кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ дар майдонҳои кишти тирамоҳӣ ва барвақтии зироатҳо бо назардошти заминҳои наздиҳавлигӣ дар майдони зиёда аз 5000 гектар  пешбинӣ шудааст.

 Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти соҳа дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ нисбати ҳамин давраи соли гузашта  108,1 фоиз маҳсулоти растанипарварӣ истеҳсол карда шуд, ки суръати афзоиши он нисбат ба соли гузашта 100,2 фоизро ташкил медиьад.

Дар ин давра, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ сабзавот 48068,0 тонна  истеҳсол гардид, ки дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 101,2 фоиз  таъмин карда шуд. Инчунин дар ноҳия ба миқдори 15733,0 тонна ғалла,  14069,0 тонна, 7647,0 тонна картошка, 4553,0 тонна полезӣ, 7754,0 тонна мевагиҳо истеҳсол карда шудааст.

Ба санаи 1 июли соли 2022 дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия саршумори моли калони шохдор 84268 сар, аз он 35558 сар модагов, 228172 сар моли майдаи шохдор, 1150 сар асп ва 2727427 сар парранда парвариш ва нигоҳубин  карда шуда истодааст.

           Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади парвариши зоти чорвои гӯштӣ ва ширӣ бо истифодаи технологияҳои муосир аз ҷониби ширкати “Азизӣкомпания” ба миқдори 90 сар чорвои калони шохдори гӯштӣ ворид карда шуд, ки минбаъд он ба рушди соҳа мусоидат менамояд.

         Ба ҳолати 1 июли соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия дар ҳаҷми 460,2 млн.сомонӣ маҳсулоти чорвопарвари истеҳсол карда шуд, ки суръати афзоиши он нисбат ба соли гузашта 117,2 фоизро ташкил менамояд. 

         Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба миқдори 6587,1 тонна гўшт истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта баробар мебошад. Истеҳсоли шир 18775,5 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 187,0 тонна зиёд мебошад. 

Шумораи умумии корхонаҳои паррандапарварӣ дар ноҳия  ба 44 адад расида, ба ҳолати 1 июли соли 2022 дар корхонаҳои паррандапарварии ноҳия саршумори парранда ба зиёда аз 2,7 млн. сар расонида шуд, ки аз соли гузашта 120 ҳазор сар зиёд мебошад.

Дар  нимсолаи аввали соли ҷорӣ истеҳсоли тухм ба 233,3 млн. дона расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи гузашта 83,0 млн. дона зиёд ва ба миқдори 4417,0 тонна гӯшти парҳезии мурғ истеҳсол карда шуд.

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ хоҷагиҳои моҳипарварӣ ба миқдори 189,5 тонна моҳӣ истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 100,1 фоизро ташкил дода, он ба бозори истеъмолӣ пешниҳод карда шуд.

Дар ноҳия солҳои охир барои бунёди боғҳои интенсивї аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Мақсади асосии зиёд кардани майдони боғу токзорҳои нав, ҷойгиркунии навъҳои серҳосил, хушсифат ба талаботи иқтисодии бозоргонӣ ҷавобгӯ, баланд  бардоштани ҳосилнокии боғу токзор ва дар маҷмӯъ зиёд кардани  ҳаҷми истеҳсоли меваю ангур ва таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои корӣ мебошад. Ҳамагӣ дар давоми солҳои 2016-2021 дар ноҳия 1297 гектар боғу токзори нав бунёд карда шудааст. Дар умум майдони боғҳои интенсивии бунёдгардида дар ноҳия зиёда аз 170 гектарро ташкил менамояд.

Барои иҷроиши ин мақсадҳо дар ҳамаи  шаклҳои хоҷагидории ноҳия ба ғайр аз майдони зардолу ба зиёд намудани майдони шафтолу, олу, гелос, бодом, нок, себ, чормағз, анор, анҷир, хурмо, биҳӣ , ки талабот ба ҳосили онҳо дар бозори дохила ва хориҷа зиёд аст аҳамият дода мешавад. Бинобар ин дар хоҷагиҳои «Ниҳолпарвар», «Боғпарвар» марҳила ба марҳила ба ин талабот аҳамияти хоса дода, ниҳолҳои дар боло зикргардидаро тайёр намуда, ба хоҷагиҳо пешкаш шуда истодаанд.

Ҳомидҷон Ҳакимбоев, сардори раёсати кишоварзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.