Департаменти давлатии ИМА иттилоъ медиҳад, ки шояд нерӯҳои амниятии Эрон аснои таъқиби эътирозҳои ахири ин кишвар дар робита бо болоравии нархи бензин, то як ҳазор нафарро ба қатл расондаанд. Рӯзи 5-уми декабр дар ин бора намояндаи хоси ИМА дар умури

Эрон Брайан Ҳук ба хабарнигорон маълумот дод. Президенти ИМА Доналд Трамп таъқиби эътирозҳоро шадидан маҳкум намуда, иброз дошт, ки Амрико бо мардуми Эрон аст.

 

Рӯзи 15-уми ноябр ҳукумати Эрон нархи бензинро то 200 фоиз боло бурд. Дар пайи он эътирозҳои мардумӣ оғоз ёфтанд ва мақомоти Эрон эътирозҳоро тавассути нерӯҳои амниятӣ пахш карданд. Як ҳафта дар Эрон интернет баста буд. Аксари расонаҳо шумораи қурбониҳои эътирозҳоро беш аз 100 нафар номидаанд. Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Амнести Интернешнел навиштааст, ки шумораи қурбониҳо беш аз 208 нафар аст.

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1029
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта914
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта6065
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта10431
mod_vvisit_counterҲамин моҳ35584
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта27752
mod_vvisit_counterҲамагӣ352279