Рӯзи 13 феврали соли 2020 Раёсати молия дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки намояндагони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти «Ҷамъияти Кушода» муҳокимаи ҷамъиятии буҷети ноҳияро доир намуд.

Дар чорабинии мазкур аз ҷониби Раёсати молия, бахшҳои соҳавии маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар сохторҳои дахлдор маълумоти муфассал доир ба натиҷаҳои иҷроиши буҷети соли 2019 ва буҷети пешбинишудаи соли 2020 андешаронӣ карда, оид ба вазъи амалишавии буҷети маҳаллӣ ва мушкилоту имкониятҳои ноҳия муҳокимарониҳо намуданд. Инчунин аз ҷониби намояндагони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати молия дар ноҳия нақшаи буҷети маҳал барои соли 2021 мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Фикру андеша ва пешниҳодҳои иштирокчиён омӯхта шуда, хулоса карда шуд, ки пешниҳодҳои шаҳрвандон барои ворид кардани ба буҷети соли 2021 ба инобат гирифта мешавад.

Дар муҳокимаи ҷамъиятии буҷет 83 нафар шаҳрвандон, аз ҷумла намояндагони сохторҳои дахлдор ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ иштирок карданд.

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз42
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта665
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта42
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта4997
mod_vvisit_counterҲамин моҳ15363
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта17408
mod_vvisit_counterҲамагӣ253202