Санаи 15-уми июли соли чори нишасти матбуотии раиси н. Б.Гафуров бо иштироки васеи намояндагони ВАО баргузор гардид. Раиси нохия нахуст оид ба натичаи фаъолияти сохоти мухталифи хочагии халк маълумот дода ба суоли хабарнигорон посуххои мушаххас дод. Тавре дар нишаст таъкид гардид, дар ин давра кисми даромади бучети давлати 100,6 фоиз ичро гардида, раванди корхои бунёдкори вусъат ёфт. Бахшида ба 30-солагии Истиклолияти ЧТ дар нохия сохтмону азнавсозии иншооти мухими соха дар чамоатхо ба итмом расида, мавриди истифода карор гирифтанд. Дар ин давра аз тарафи сохтмончиён ба маблаги 57,5 млн сомони корхои пудрати ичро карда шуда, ба маблаги 82,9млн сомони сармояи асоси ичро гардид.
Бо максади самаранок истифода бурдани замин, афзун намудани хачми истехсоли махсулоти кишоварзи як катор тадбирхо андешида шуданд. Таъмини барзиёди суръати афзоиши махсулоти кишоварзи ба андозаи аз 114,4 то 113,8 фоиз худ бозгуи гуфтахои болои аст. Дар нимсолаи аввали соли равон аз чониби корхонахои саноатии нохия суръати афзоиши истехсолро 169,9 дарсад таъмин карданд. Дар нишасти матбуоти хамчунин вазъи сохахои ичтимои, бахусус сохаи тандурусти дар давраи пандемияи КОВИД-19 мавриди баррасии рузноманигорон карор гирифт. Бо максади пешгири ва табобату таргибу ташвики тарзи хаёти солим аз чониби хукумати нохия корхои зиёде ба субут расиданд. То ин дам дар нохия 1531 нафар гирифторони бемории илтихоби шуш ба кайд гирифта шуда, аз он 1х438 нафар табобат ёфтанд. Дар холи хозир дар беморхонахои нохия ягон нафар бо чунин бемори дар табобат набуда 9-нафар тахти назорати духтурони оилави карор доранд. Хукумати нохия бахри таъмини муассисахои тибби бо либосхои махсус ба мисли хилъатхои мухофизи, никобу дастпушакхо, маводхои безараргардони тамоми чорахоро рохандози дорад. Хамин тавр рузноманигорон ба суолхои худ оид ба вазъи сохаи маориф, сатхи чинояткори, бехдошти вазъи ичтимоии ахоли ва гайрахо посуххои мушаххас гирифтанд.