Дар нимсолаи якуми соли 2020 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилояти Суғд ба маблағи 2 млрд. 114,5 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуда, суръати афзоиш нисбати ҳамин давраи соли гузашта 108,5 фоиз таъмин гардид.

Соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои асосӣ ва афзалиятноки пешбурди иқтисодиёти вилоят маҳсуб ёфта, нақши он дар таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди соҳаи саноат, афзоиши имкониятҳои содиротии вилоят ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ хеле муҳим арзёбӣ мегардад.

Бо назардошти ин барои ҳосили соли 2020 дар масоҳати 278,6 ҳазор гектар кишт гузаронида шуда, нақшаи кишти аксари зироатҳо таъмин гардид. Аз майдони умумии кишт 233,7 ҳазор гектар ё 83,9 фоиз ба корхонаҳои кишоварзию хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 44,9 ҳазор гектар ё 16,1 фоиз ба хочагиҳои аҳолӣ рост меояд.​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​

То имрӯз дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 36114,9 тонна картошка, 77632,8 тонна сабзавот, аз ҷумла 36471,9 тонна пиёз,​ 60736,0 тонна мева, аз ҷумла 59761,9 тонна зардолу ва 10306,8 тонна полезӣ истеҳсол карда шудаанд.

Истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ, аз қабили гўшт 21377,0 тонна, шир 135137,0 тонна, тухм 273,8 млн. дона, асал 178,1 тоннаро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 истеҳсоли аксари маҳсулот зиёд гардидааст.

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз157
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1252
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта5797
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта9115
mod_vvisit_counterҲамин моҳ6781
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта30955
mod_vvisit_counterҲамагӣ413098