Дар Ҷамоати шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби ҶДММ “Хубҷамъ” дар масоҳати 5 гектар ду корхонаи нави саноатӣ бунёд шуда истодааст.

16 июл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизот дар ин корхонаҳо шинос гардид. Аснои шиносоӣ таъкид гардид, ки дар ноҳияи калонтарини вилоят барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат аз тамоми имкониятҳо истифода бурда мешавад.

Барои бунёди корхонаҳои коркарди ғалла ва истеҳсоли равған аз ҷониби фармоишгар ҳудуди 120 миллион сомонӣ сармоягузорӣ шудааст. Корхонаҳои нав дар масоҳати умумии 5 гектар доман паҳн намуда, корҳои сохтмонӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.

Тибқи иттилои масъулин дар корхонаи коркарди ғалла дар як шабонарӯз то 500 тонна гандум коркард гардида, дар корхонаи истеҳсоли равған дар як шабонарӯз то 30 тонна маҳсулот истеҳсол карда мешавад.

Раиси вилоят бунёди корхонаҳои нави саноатиро муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки бештар ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда барои таъмини амнияти озуқаворӣ заминаҳои мусоид мегузорад.

Гуфта шуд, ки истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда дар вилоят сол аз сол тавсеа ёфта истодааст ва бо ташкили чунин корхонаҳо сатҳи таъминоти бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ боз ҳам беҳтар хоҳад шуд.

Дар идома Раиси вилоят дар Ҷамоати шаҳраки Ғафуров бо раванди васлу насби таҷҳизот дар корхонаи истеҳсоли собун ва хокаи ҷомашӯӣ ошно шуд. Ин корхона аз ҷониби ҶДММ «Озода косметик» бунёд мегардад. То имрӯз хати технологӣ ворид ва насб гардида, корҳои таҷрибавии истеҳсолӣ ба роҳ монда шудааст.

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз87
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1252
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта5727
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта9115
mod_vvisit_counterҲамин моҳ6711
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта30955
mod_vvisit_counterҲамагӣ413028