Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо фаъолияти сардхонаҳои Боғи миллии «Ваҳдат» шинос шуданд

14 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо фаъолияти сардхонаҳои Боғи миллии «Ваҳдат» шинос шуданд.

 Боғи миллии “Ваҳдат” дар ихтиёри худ ду сардхонаи замонавӣ дорад, ки ғунҷоиши онҳо беш аз 1500 тонна маҳсулоти кишоварзӣ мебошад.

Дар ин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маданияти истифодаи имконияти сардхонаҳо шинос шуданд.

Бояд гуфт, ки ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба беҳтар намудани инфрасохтори истеҳсолии соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла сохтмони сардхонаҳои ҳозиразамон коргарони Боғи миллии “Ваҳдат” корҳои муайянро ба анҷом расонидаанд.

Боғи миллии “Ваҳдат” соли 2008 таъсис ёфта, 527 гектар замини боғу токзор мебошад, ки дар онҳо дарахтони меваҳои содиротӣ парвариш мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки сардхонаҳои Боғи миллии “Ваҳдат” соли 2018 ва соли 2022 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуданд.

Ин ба коргарон имкон медиҳад, ки маҳсулоти истеҳсолшударо дар сардхона захира намуда, дар фаслҳои тирамоҳу зимистон бозорҳои дохилиро таъмин намоянд.

Аз рӯйи маълумоти оморӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Исфара, Бӯстон, Панҷакент, Истаравшан, Гулистон, Зафаробод, Спитамен, Мастчоҳ, Ҷаббор Расулови вилояти Суғд 44 сардхона фаъолият дошта, ғунҷоиши онҳо аз 40 то 3000 тоннаро ташкил медиҳад.

Барои истифодаи иқтидорҳои сардхонаҳо, захираи ҳарчи бештари маҳсулот ва мусоидат дар таъмини аҳолии вилоят бо маҳсулоти тару тоза аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар давраи тирамоҳу зимистон тадбирҳои муайян ба сомон расонида шудаанд.

Кишоварзони вилояти Суғд бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти амалисозии рушди устувори соҳаи кишоварзӣ ва ҷиҳати афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, ғанӣ гардонидани бозорҳои истеъмолӣ, бештар таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти ватанӣ, баланд бардоштани боздеҳи замин ва ҳосилнокии зироат, инчунин истифодаи самараноку оқилонаи захираҳои замин ва об ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд.

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.