Санаи 23-юми сентябри соли равон дар толори маҷлисгохи маркази чавонони нохияи Бобочон Гафуров бо иштироки беш аз 150 нафар волонтёрон семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
Бо мақсади омодагии волонтёрон дар раванди интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нохия аз ҷониби бахши кор бо чавонон ва варзиши нохияи Бобочон Гафуров беш аз 150 нафар волонтёрон омода гардида, ҷиҳати хизматрасонй роҳандозӣ гардида истодааст.
Дар семинари омӯзишӣ дар нохияи Бобочон Гафуров намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродзода Мухсин ва намояндаи Раесати кор бо чавонон ва варзиши вилояти Сугд Каримов Бахтиер ширкат варзида, муҳимият, масъулияти волонтёронро дар раванди интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 11 октябри соли ҷорӣ баргузор мегардад баён доштанд.

 

 

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз95
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта827
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта1477
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта4495
mod_vvisit_counterҲамин моҳ17646
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта23962
mod_vvisit_counterҲамагӣ478665