21 декабр муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рафти бунёди ҶДММ “Ширеши тоҷик” – ро мавриди таваҷҷуҳ қарор доданд.

Корхонаи мазкур дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, дар он истеҳсоли ширеши сохтмонӣ ба роҳ монда мешавад. Айни замон дар корхона васлу насби таҷҳизот ҷараён дошта, бо мавриди истифода қарор гирифтани он 25-30 нафар соҳиби ҷойи корӣ хоҳанд шуд.

Сипас, муовини якуми Сарвазири мамлакат ва Раиси вилоят бо корҳои сохтмонӣ дар фермаи парандапарварии ҶДММ “Парандапарварӣ-2017” шинос гардиданд. Масъулини фабрика тасмим доранд, ки доираи фаъолияти худро васеъ намуда, барои парвариши боз 65 ҳазор сар мурғ шароит фароҳам оранд.

Асноӣ шиносоӣ таъкид карда шуд, ки бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди бемайлони соҳаи саноати вилоят тамоми имконияту шароитҳо фароҳам оварда шудаанд ва соҳибкорон бо истифода аз ин имкониятҳо барои тақвият бахшидани нерўи саноатии вилоят нақши муҳим мегузоранд.

Давлаталӣ Саид ва Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон аз фермаи коли калон ва фермаи бузпарварии соҳибкорон Мизобаҳодур Умаров ва Даврон Усмонов боздид намуданд.

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз730
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта858
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта3381
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта6016
mod_vvisit_counterҲамин моҳ14791
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта23394
mod_vvisit_counterҲамагӣ541241