МИҲД ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Санаи 5 феврали соли 2019, тибқи нақшаи корӣ бобати тарғибу ташвиқ намудани нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар маҳалҳо намояндагони  Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд  ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ҷамоатҳои деҳоти Ҳ.Усмонов, Унҷӣ ва Ғозиён бо фаъолони ҷамоатҳои мазкур мулоқоту вохӯрӣ баргузор намуданд.

 

Муфассал...

Баҳри иҷроиши Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 13 декабри соли 2018, № АП-1140, тибқи қарори Раиси ноҳия аз 28.01.2019, №49 бо мақсади муаррифии сарулибоси миллӣ,ороишу парвариши мӯй, тарғибу ташвиқи маросимҳои ананавии мӯйбофию зулфандазӣ,

Муфассал...

Солҳои охир мушкилоте, ки тамоми ҷаҳони муосирро ба изтироб овардааст, ин хатари терроризм, экстремизм ва дигар зуҳуроти номатлуб мебошад. Имрӯзҳо ҳамаи мо тариқи васоити ахбори омма, интернет ва дигар моҳвораҳо огоҳӣ аз он дорем, ки ҷаҳони имрӯза ноором аст. Дар даҳсолаи охир таблиғи ақидаҳои дорои характери ифротгароӣ дошта дар тамоми мамолики дунё торафт зиёд гашта истодааст. Мутаассифона ин раванд барои ҳар як мамлакат хатар ва паёмадҳои манфӣ дорад. Хатари аслии ин падида дар он аст, ки имрӯз баъзе аз ҷавонони мо низ таҳти таъсири таблиғоти доираҳои муайяне, ки дар минтақа қарор доранд ва мақсади асосиашон ноором сохтани вазъи мамлакат мебошад, мондаанд. Онҳо ба василаи истифода аз дин ва эътиқоди динӣ барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ ва тарвиҷи тундгароӣ дар ҷомеаи кишвар ва инкори арзишҳои дунявӣ амал менамоянд.

 

Муфассал...

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани нақшаи чорабиниҳои таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои тибии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корҳои таъмиру азнавсозӣ дар сатҳи зарурӣ ҷараён доранд.

Санаи 4 феврали соли 2019 баъди аз таъмири хушсифат бароварда шудани шуъбаи ҷарроҳии бачагонаи Беморхонаи марказии ноҳия маросими қабули корҳои таъмирӣ ва навсозиҳои шуъбаи мазкур бо иштироки роҳбарияти беморхона ва мутахассисони Раёсати тандурустии вилояти Суғд доир карда шуд.

Муфассал...

Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иқдом гирифта шудааст, ки бо мақсади вусъат додани корҳои ободонӣ ва сабзгардонии ҳудуди шаҳраку деҳот рўзҳои истироҳатӣ мунтазам њашару шанбегиҳо доир карда шавад.

Муфассал...

Мақолаҳои боқимонда...

Саҳифаи 92 аз 96

<< Ибтидо < Пешина 91 92 93 94 95 96 Минбаъда > Интиҳо >>

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1028
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1360
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта1028
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта5410
mod_vvisit_counterҲамин моҳ22423
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта30740
mod_vvisit_counterҲамагӣ459480