Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 83 «Дар бораи гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории сироятии СOVID -19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз санаи 22 марти соли равон маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни гурӯҳои осебпазири аҳолӣ марҳала ба марҳала гузаронида мешавад.
Ҷиҳати дарёфти шарҳи мушаххаси масъала, раванди гузаронидани иммунизатсия, манфиати он ба сардухтури Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии вилоят Абдумавлон Абдуллозода муроҷиат намудем. Мавсуф оид ба ин масъала ҳарф зада изҳор дошт, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар чорабинии муҳими иммунизатсиякунонии аҳолии ҷумҳурӣ оғоз гардид.
Боиси қайд аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша саломатии оммаро дар мадди аввал гузошта, аз оғози паҳншавии бемории навъи короновирус дар ҷаҳон, баҳри таъмини сиҳатии мардум аз тамоми имконоти мавҷуда истифода намуд.
Ин буд, ки доираи иқдоми наҷиб ва бо талошҳои Ҳукумати кишвар ҷиҳати ваксинакунонии ҷомеаи мамлакат бар зидди бемории COVID-19 дар чаҳорчӯби механизми ҷаҳонии дастрасии одилона ба ваксинаҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (COVAХ) бар зидди бемории COVID-19 ваксинаи ширкати Британиягии Оксфорд “AstraZaneca”, ки тибқи иҷозатномаи он дар “Пажӯҳишгоҳи зардобаҳои Ҳиндустон” (Serum Institute of India) истеҳсол шудааст, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардид. Ин номгуй ваксина 15 феврали соли 2021 ба рӯйхати маводи иммунобиологии дар ҳолатҳои фавқулодда истифодабарандаи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ба қайд гирифта шудааст. Алҳол аз он беш аз 60 давлати ҷаҳон истифода бурда истодаанд.
Бино ба гуфти масъулин тибқи Нақшаи миллӣ дар марҳалаи аввал ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар асоси принсипҳои ихтиёрӣ, аз ҷумла кормандони соҳаи тандурустӣ, соҳаҳои стратегии хоҷагии халқ, шаҳрвандони синну соли аз 60 сола боло, нафарони дорои бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ва кормандони соҳаи маориф ва илм гузаронида хоҳанд шуд.
- Рӯзҳои наздик пас аз тақсимоти ваксинаҳо ба шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳои ҷумҳурӣ дар вилояти Суғд низ ин маъракаи оммавии иммунизатсиякунонии сокинон оғоз мегардад. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки мутахассисони соҳаи тандурустии вилоят баҳри баланд бардоштани малакаи касбии хеш давра ба давра бо такмили ихтисос фаро гирифта шуда, пурра барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани эмгузаронӣ ҳамаҷониба омодаанд, - гуфт А.Абдуллозода.
Имрӯзҳо байни мардум бобати ваксина ва оқибати таъсири он ба саломатӣ боиси сар задании овозаҳои беасосу бардурӯғ гаштааст. Масъулин ин масъаларо шарҳ дода, иброз медоранд, ки чунин сару садоҳо асоси воқеъӣ надошта, бо боварӣ метавон гуфт, ки мардуми оқил худ моҳияти аслии чунин овозаҳои беасосу бемантиқро дарк намуда, нақши худро дар баргузори маъракаи ваксинакунонии омма дар кишвар хоҳанд гузошт.
Ҳамагон огоҳ ҳастанд, ки маҳз ваксинакунонӣ боиси аз байн рафтани бемориҳои вазнину нохуш гаштааст. Имрӯз низ ҷаҳон бо бемории сироятии COVID-19 дар ҳоли бархурд қарор дорад ва хушбахтона маҳз бо қобилияти зеҳнии инсоният ваксина ва ё подзаҳр дар муқобили ин беморӣ ихтироъ шуд ва умед дорем, ки сайёра ба зудӣ дар муқобили бемории болозикр пирӯзӣ ба даст хоҳад овард.
- Ҳамзамон дар хотир бояд дошт, ки муқобили бемории короновирус, асосан риояи чораҳои пешгириву гигиенаи шахсӣ, парҳез аз ҷойҳои серодам, баланд бардоштани масунияти бадан маҳсуб ёфта, риоя бечунучаро онро аз ҳар шаҳрванди кишвар тақозо дорад, - таъкид дошт Абдумавлон Абдуллозода.
Воқеан мақсади аслии роҳбарияти Ҳукумати ҷумҳурӣ ва масъулини соҳаи тандурустӣ пеш аз ҳама барои ҳифзи солимии миллат нигаронида шудаааст. Аз ин лиҳоз ҳар фарди бонангу номус бояд аз пештара дида бештар муттаҳид бошем. ҳеч гоҳ ба овозаҳои бемантиқу беасос фирефта нашуда, ба ҳарос ва воҳимаву таҳлука роҳ надиҳем.
Маъмурахон САМАДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»