Мо, ҷонибдори сулҳем!

Айни ҳол вазъи кунунии қаламрави ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро мудири шуъбаи иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Парвиз Халифаёр хуб арзёбӣ карда, зикр дошт, санаи 29 - уми апрели соли равон бар асари муноқишаи марзӣ истиқоматкунандагони назди сарҳадӣ ба макони бехавф кӯчонидашуда, амнияти сокинон таъмин шуда буданд. Ин соатҳо дар маҳаллаи Қалъача сокинон ба ҳолати орому муқаррарӣ боз мегарданд.

Абдуҳамид Одинаев, муовини раиси ҷамоати деҳоти Овчиқалача низ зимни суҳбат илова намуд, ки мардум ҷонибдори рафоқату ҳамдигарфаҳмист бо кишвари ҳамсоямарзи Қирғизистон буда, омода ҳастанд дӯстиву бародарии тарафайнро аз рӯи меҳру садоқати ҳамсоядорӣ побарҷо нигоҳ доранд. – Мо ҷонибдорӣ сулҳем, мегӯяд Абдуҳамид Одинаев.

Вазъ дар марз мӯътадил мебошад

- Бегоҳии рӯзи гузашта дар марзи ҷамоати деҳоти Хистеварз бо ҷониби қирғизҳо нооромӣ ба миён омад. Бар асари муноқишаҳои марзӣ мардуми минтақаи назди сарҳадӣ, аз ҷумла хонандагони мактаб – парваришгоҳи махсус барои кӯдакони ношунавои ба номи Тӯхтабой Ғаффоров ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуда, ҳифзи сиҳатии омма таъмин шуданд, - зикр дошт, Матлуба Ҷӯрабойзода, муовини раиси ҷамоати деҳоти Хистеварз.

– Истиқоматкунандагони назди сарҳадӣ аз ҳолати бамиёномадаи санаи 29 – уми апрел, дар марзи Хистеварз бо ҷониби қирғизҳо, изҳори нигаронӣ доштанд. Шукрона, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мақомоти маҳаллӣ ва тамоми мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ амнияти мардум ҳифз гардида, чораҷӯиҳои саривақтӣ роҳандозӣ шуданд.   Аз соати 9:00 субҳи имрӯз бошад, то ҳол вазъ дар марз мӯътадил мебошад.  Ҳазорҳо нафар ҷавонону мардони шуҷои касбу кори гуногун бо ҳуввияти милливу ғурури ватандорӣ барои ҳимояи марзу буми хеш назди ҷамоати деҳоти Хистеварз ҷамъ омаданд.

Мардум ҷонибдори сулҳу ваҳдат ва дӯстиву рафақати ҳамсоядорӣ мебошад. Дар ҳама ҳолат, то имрӯз мардуми мо бо ҳамсоямарз аз рӯи оини хирадмандӣ муносибат мекарданд. Хариди бозор, табобати сокинони ҳамсоямарзи қирғиз, аз бозору табобатгоҳҳои ҷамоати деҳоти Хистеварз сурат мегирифт. Ҳатто фарзандони баъзе аз қирғизҳо дар муассисаҳои таълимии мо таҳсили илм доранд. Аз ҷумла дар мактабпарваришгоҳи махсуси кӯдакони ношунавоёни Хистеварз. Дар идома низ мо мардуми сулҳпарвар ҷонибдори ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстиву рафоқатем. Беҳтарин муносибати ҳамсоядориро баҷо меоварем ва кӯшиш мекунем, ҳамин дӯсти побарҷо боқӣ бимонад, - илова намуд ӯ.

 

САҲА созишномаи оташбас миёни Тоҷикистон ва Қирғизистонро қадами дуруст номид

ДУШАНБЕ, 01.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) созишномаи ошташбас миёни Тоҷикистон ва Қирғизистонро «қадам ба самти дуруст» номид. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, иттилои марбутаро дирӯз котиби генералии САҲА Ҳелга Шмид дар Twitter нашр намуд.

«Вазъият дар сарҳади Қирғизистон ва Тоҷикистон ташвишовар буда,  марги одамон фоҷиавист. Созишномаи дирӯза оид ба оташбас — ин қадам ба самти дуруст аст»,- омадааст дар хабар.

Вазъият дар мавзеи нуқтаи обтақсимкунии «Головной», ки  дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон ҷойгир аст,  28 апрел, зимни пайдо шудани муноқиша миёни сокинони деҳаҳои наздисарҳадии ду кишвар шиддат ёфт. Баъди як рӯз миёни хизматчиёни низомии ду давлат задухӯрди мусаллаҳона ба амал омад.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дода буд, 30 апрел дар минтақаи озоди байни гузаргоҳи «Гулистон» ва гузаргоҳи «Қизил-Бел» мулоқоти гурӯҳҳои корӣ таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.С. Ятимов ва Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон Қ.Қ.Тошиев баргузор гардид. Дар натиҷа тарафҳо аз соати 13:00-и 30 апрели соли 2021 ба мувофиқа расиданд, ки хуруҷи мутақобилаи тамоми намуди неру ва техникаи ҳарбиро аз қаламравҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба минтақаҳои ҷойгиршавии доимӣ оғоз намоянд, роҳҳоро кушоянд ва ҳаракати бемамониати шаҳрвандонро таъмин кунанд.

Таҳти роҳбарии фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, барои таъмини иҷрои қарордодҳои ба даст овардашуда гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуданд.

Қарор дода шуд, ки 1 майи соли равон дар вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор карда шавад.

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.