ПИРОНИ ТАДБИРКОР

        Фасли тирамоҳ барои деҳконони заркори кишвар мавсими ҷамъоварии ҳосили пахта буда, ҳамсола барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани он сокинони касбу кори гуногун низ ба ин ҳашари дастаҷамъона саҳм мегузоранд. Бо истифода аз боду ҳавои мусоид як гуруҳ пирони рӯзгордида, собиқадорони соҳаҳои гуногун бо ташаббуси Дадоҷон Ҳобилов, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷамоати деҳоти Хистеварз ба кӯмаки пахтакорони хоҷагии деҳқонии Юлдош - саркор рафтанд.

     Аз субҳи барвақт зиёда аз 50 нафар ҳашарчиён бо азму ғайрати дучанд пахта чида, дар ҳавои мусоид барои бо сифат ҷамъоварӣ намудани ҳосил саҳм гирифтанд. Ҳосили ҷамовардаи онҳо наздик 500 килограммро ташкил дод, ки саҳми назарраси пирони тадбиркор барои иҷроиши нақшаи  солонаи деҳқонон мебошад.

Ҳашарчиён ин иқдоми некро барои амалӣ расонидан ба деҳқонони заркори деҳа хуб арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки бо истифода аз ҳавои офтобӣ мо бояд барои беталаф чидани ҳар як пағаи пахта саҳмгузорӣ намоем. Зеро пахта ҳамчун ашёи хоми саноатӣ барои пешбурди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ бисёр муҳим буда, аз пахта анвои гуногуни маҳсулотҳои рӯзмарраро истеҳсол кардан мумкин аст.

Имрӯз дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷамъоварии пахта бомаром идома дорад.

.

Мухбири худмон

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.