СОҲИБЭҲТИРОМ
Қаландарова Мавлуда Валиевна 15 июли соли 1954 дар деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар оилаи омӯзгор таваллуд шудааст. Таҳсилоти миёнаро дар муассисаи таълимии №4-и зодгоҳаш гирифта, солҳои 1970-1976 донишҷӯи факултаи забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (Инс-титути давлатии педагогии шаҳри Ленинобод) буд. Ҳанӯз аз овони ҷавонӣ ва махсусан солҳои донишҷӯӣ ҳамчун духтараки донишманду серғайрат, пешқадам ва ташаббускор дар корҳои ҷамъиятӣ ва баргузории озмуну фестивалҳои донишгоҳи олӣ иштироки фаъолона дошт.
Соли 1975 бо Қурбонбой Ҳоҷибобоев - сокини деҳоти Овчиқалъача оила барпо карда, баъд аз хатми донишгоҳ фаъолияти меҳнатии худро ҳамчун омӯзгори фанни забон ва адабиёти рус дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и деҳоти Овчиқалъача оғоз намуд. Муаллимаи ҷавону навовар Мавлуда Қаландарова дар як муддати кӯтоҳ, яъне соли 1997 ба вазифаи ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявии муассисаи таълимии №8 таъин гардида, то соли 2002 бомуваффақият кор кардааст. Дар баробари фаъолияти омӯзгорӣ вазифаҳои ҷамъиятии раиси Шӯрои занони деҳоти Овчиқалъача ва раиси ташкилоти ибтидоии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаро уҳдабароёна иҷро намудааст. Хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, маданияти муошират, маҳорату кордонӣ ва масъулиятшиносии ӯ буд, ки аз соли 2003 то соли 2011 дар мансаби муовини раиси Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача кору фаъолият намуда, дар соҳаи хизмати давлатӣ, баланд бардоштани маърифати занону духтарон, пешгирии ҷиноят-содиркунӣ, устувории оилаҳои ҷавон ва умуман иҷрои босифатонаи уҳдадориҳои мансабӣ ба муваффақиятҳо ноил гардидааст.
Аз соли 2014 то соли 2019 дар вазифаи муовини озоди Кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ дар ҷамоати деҳоти Овчиқалъача кору фаъолият намуда, ҷиҳати амалисозии нишондод-ҳои Оиннномаи ҳизбӣ ва иҷрои супоришоти мақомоти болоӣ дар деҳот нақши муассир гузоштааст. Бо баробари ба нафақа баромадан фаъолияти омӯзгориро идома дода, ҳамчун раиси ташкилоти ибтидоии Шӯрои собиқадорони меҳнати Овчи-қалъача кору фаъолият намуда истодааст.
Таҷрибаи ибратомӯзи зиндагӣ ва фаъолияти намунавии меҳнатӣ ба Мавлуда Қаландарова имкон додааст, ки дар тарбияи маънавии мардуми деҳот, ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намудани оилаҳои ҷавон, талқини меҳнатдӯстию меҳанпарастӣ дар байни ҷавонон соҳибэҳтироми дилу дидаи мардум гардад.
Ходими ҳизбию ҷамъиятӣ, омӯзгори соҳибтаҷриба Қаландарова Мавлуда Валиевна ҳамчун аъзои фаъоли Шӯрои ҷамъиятии вилояти Суғд то ҳол дар рушду нумӯи Тоҷикистони маҳбуб саҳмгузорӣ карда, содиқона хизмат намуда истодааст.
Парвиз Неъматзода,мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров