ТАДБИРҲОИ ЗАРУРӢ БАҲРИ РУШДИ СОҲА

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба рушди минбаъдаи соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, ҷалби сармояҳои дохиливу хориҷӣ ва муҳайё намудани шароити мусоид ба рушди соҳибкорӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд.

Дар шаш моҳи соли 2022 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 6 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида, дар доираи онҳо маблағҳои зарурӣ азхуд карда шуданд. 

Ҳамзамон, бо иштироки шарикони рушд 5 лоиҳаи иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ амалӣ шуда истодаанд, ки онҳо барои беҳтар кардани таъминоти хонандагон бо хўрока, таъминоти аҳолӣ бо оби нушокӣ, полезӣ ва беҳдошти ҳолати мелиоративии заминҳо мусоидат карда истодаанд. Ҳоло аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 9 лоиҳа ҷиҳати муаммоҳо дар самти иҷтимоиёт, инфрасохтор ва ҳолати беҳтар кардани вазъи обёрии заминҳои ҳудуди ноҳия таҳия ва бо мақсади дастгирии минбаъда ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд пешниҳод карда шудаанд.

     Ҳамзамон дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба иқтисодиёти ноҳия  ба маблағи 700,0 ҳазор доллари ИМА сармояи мустақим ҷалб гардид, ки онҳо ба рушди иқтидори истеҳсолии корхонаҳо заминаи устувор  гузошта истодаанд.

    Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби корхонаҳои саноатии ноҳия ба маблағи  зиёда аз 1,9 млрд. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли соли 2021 ба ҳаҷми 555,5 млн. сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши маҳсулоти саноатӣ бо нархҳои муқоисавӣ ба 138,8 фоиз баробар аст.  

    Бо мақсади ноил шудан ба ҳадафи саноатикунонии кишвар тақвияти ҳамкорӣ бо соҳибкорони ватанию хориҷӣ ҷиҳати таъсиси корхонаҳои саноатӣ аз ҷониби масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия корбарӣ бо маром  идома дорад..

Боиси қайд аст, ки дар ноҳия Шўрои соҳибкорию сармоягузорӣ фаъолият дошта, моҳи феврали соли ҷорӣ ҷаласаи навбатии Шўро доир гардида, дар кори Шўро якчанд соҳибкорон сухан ронданд, ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳаи саноати ноҳия таклифу пешниҳодашоро баён намуданд, ки  онҳо ҳоло мавриди баррасӣ қарор доранд.     

Мавриди иттиллоъ аст, ки дар соли 2022 дар ҳудуди ноҳия таъсиси 20 корхонаи хурду миёна пешбинӣ гардида, дар ин давра дар ноҳия 12 корхонаҳои саноатии нав ва хатҳои иловагии хурду миёнаи истеҳсолӣ таъсис дода шудаанд, ки дар натиҷа наздик 200 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кории доимӣ таъмин гардиданд.

Дар баробари ин дар давраи ҳисоботӣ аз 136 корхонаҳои истеҳсолӣ, 106 адад фаъолият намуда, 69 корхонаи калони саноатӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта афзун намуданд.

Дар ноҳия барои занон ҷиҳати фаъолияти соҳибкорию ҳунармандӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст, аммо шумораи марказҳои таълимию истеҳсолӣ, ки мавҷуданд, кифоягӣ намекунанд. Ба ҳолати имрӯза дар қаламрави ноҳия ҳамагӣ 4 маркази таълимӣ-истеҳсолӣ фаъолият мебарад ва дар онҳо 12 дастгоҳ насб карда шудааст. Инчунин 9 корхонаи дўзандагӣ фаъолият дошта, дар онҳо асосан ба дӯхтани  либосҳои мактабӣ машғул буда, ин теъдоди коргоҳҳо барои занони ноҳия низ кам мебошад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир ҷиҳати рушди соҳибкорӣ, бахусус соҳибкории истеҳсолӣ, таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамояд. Бахусус, аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани мораторий ба соҳибкории истеҳсолӣ саноатчиёни ноҳияро хеле рӯҳбаланд намуд ва ин дастгирии Сардори давлат имкон медиҳад, ки бештар корхонаҳои нави истеҳсолӣ таъсис ва ҷойҳои нави корӣ ташкил карда шавад. Дар амалигардонии занҷираи "ашёи хом-истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ-бозори фурўш" бо мақсади рушди соҳаи саноат ва сиёсати мусоидат ба содирот ва воридотивазкунӣ корбарӣ намуда, дар давраи сипарии соли ҷорӣ аз ноҳия  ба маблағи  178,5 млн. доллари амрикоӣ маҳсулот содирот карда шуд. 

Абдуазиз САМАДЗОДА,

мудири шуъбаи

сармоягузорӣ ва амволи давлатии

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти

давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.