НАМОИШИ МАҲОРАТИ ПАЗАНДАГӢ ДАР ОЗМУН
"Кадбонуи беҳтарин" дар муассисаи таълимии коллеҷи тиббии ноҳия баргузор гардид. Озмуни ноҳиявӣ бо мақсади иҷрои банди 10- и "Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар ҶумҳурииТоҷикистон барои соли 2025", ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025, амалишавии Нақшаи амал барои солҳои 2025-2026-и "Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2024, #136 тасдиқ шудааст, доир гардид.
Дар баргузории озмун муовини раиси ноҳия Дилором Турсунзода, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - Ӯғулой Ҳоҷибоева, раиси Шурои занону духтарони коллеҷи тиббӣ - Нодира Шарипова ва занону бонувони фаъол иштирок ва суханронӣ намуда, аз рафти омодакунӣ ва намоиши таомҳои миллӣ ва муосир дидан намуданд. Озмуни мазкур дар сатҳи баланди фарҳангӣ, тарбиявӣ эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ва омода намудани духтарон ба рӯзгордориву оиладорӣ гузаронида шуд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров