ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Барои барқарорсозии хонаҳои сокинони деҳоти Овчиқалъача ва Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ситоди махсус ташкил мешавад
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз хонаҳои истиқоматии сокинон, ки бар асари ҳуҷуми таҷовузкоронаи низомиёни Қирғизистон зарар дидаанд, боздид намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача ва Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳия бар асари ҳамлаи ноҷавонмардонаи низомиёни кишвари ҳамсоя якчанд хонаи истиқоматӣ хароб гардида, теъдоде қисман зарар дидаанд.
Раиси вилоят аснои боздид барои ташкили ситоди махсус ва омӯзиши хонаҳои харобшудаву зарардида, ҷалби қувваи иловагӣ барои бартарафсозии оқибатҳои ҳуҷуми мусаллаҳонаи низомиёни қирғиз ва сари вақт тоза намудани манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон ба масъулин супоришҳо дод.