ИЗҲОРОТИ ВКХ дар бораи идомаёбии амалҳои вайрон кардани ҳарими ҳавоии Тоҷикистон аз ҷониби Қирғизистон
Вазорати корҳои хориҷӣ изҳор медорад, ки амалҳои сершумори вайрон кардани ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҳавопаймоҳои бесарнишин, ки аз қаламрави Қирғизистон парвоз мекунанд, идома доранд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфта мешавад.
Ҳамин тавр, 21 сентябр, аз соати 19:14 то соати 22:46 парвози ҳавопаймоҳои бесарнишини Қирғизистон дар болои шаҳрҳои Исфара, Конибодом, ноҳияҳои Деваштич, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Лахш, Рашт ва Мурғоби Ҷумҳурии Тоҷикистон мушоҳида карда шуд. Дар посгоҳҳои сарҳадии Тоҷикистон «Росровут», «Муряк» ва «Нуробод» низ ҳавопаймоҳои бесарнишини Қирғизистон мушоҳида гардиданд.
Мо чунин амалҳои иғвоангезонаи ҷониби Қирғизистонро дағалона вайрон кардани тамоми созишҳо ва таҷовуз ба қаламрави давлати соҳибистиқлол мешуморем.
«Ҷониби Тоҷикистон аз ҷониби Қирғизистон талаб менамояд, ки фавран вайрон кардани ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қатъ кунад. Дар акси ҳол, ҷониби Тоҷикистон вазъро ҳамчун омодагӣ ба таҷовузи навбатии Қирғизистон арзёбӣ менамояд, ки масъулияти он бар дӯши ҷониби Қирғизистон вогузор хоҳад шуд», — таъкид карданд дар ВКХ ҶТ