ҲИЗБИ САДОҚАТ ВА ВАТАНДОРӢ

    Санаи 10 – уми декабри соли 1994 дар марҳилаи басо ҳассоси таърихӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳизби нави сиёсие ташкил шуд ва тавонист, ки дар давоми фаъолияти худ ба бонуфузтарин, нерӯмандтарин ва сераъзотарин ҳизби сиёсии мамлакат табдил ёбад. Ин нерӯи бузургу тавоно ва созанда Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки  соли равон 30- сола мешавад.

 Таҷрибаи ҷомеаи ҷаҳонӣ собит сохтааст, ки дар давлатҳои демократӣ ҳамон ҳизбе соҳиби ҳокимият мешавад, ки агар ҷомеа Оинномаву Барномаи онро эътироф ва ҷонибдорӣ намоянд.

Боиси қаноатмандист, ки дар кишвар ин гуна эътимод ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  насиб гардид ва мардум аз ин ҳизб самари беҳтареро интизор буданд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  аз рӯзҳои аввали таъсисёбиаш бо иқдомҳои шоиста ва барномаҳои созандааш дар миёни халқ беш аз пеш обрӯ ва нуфуз пайдо карда истодааст.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби даврони истиқлолият, ҳизби марҳилаи нави бунёди ҷомеаи демократӣ, яъне ҳизби зодаи Истиқлолият мебошад. Он ҳамчун ташкилоти воҳиду муҷарради сиёсӣ бо диду назари нав дар вақту фазои созанда рӯи саҳнаи сиёсат омад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон он неруи  сиёсии кишварамон аст, ки дар заминаи ғояҳои созандаву ваҳдатофарин ба майдон омада, барои саодати халқ ва ободии Ватан саъю талош меварзад. Ҳадафи аслии он бароварда сохтани ормонҳои мардум мебошад, ки байни мардум ба ин васила маҳбубияти беандоза касб намудааст.

Воқеан ҳам, омили зуд маҳбубият пайдо намудани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҷомеа маҳз бо мардум сару кор гирифтану аз розу ниёзи онҳо огоҳ будан аст. Ин ниҳоди созанда ҷомеаи моро ба маҷрои дуруст ҳидоят намуда, ба сулҳу созиши миллӣ ва ваҳдат расонд, таҳти роҳбарии он ҷомеа ба марҳилаи созандагиву бунёдкорӣ ворид шуд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар тӯли солҳои фаъолияташ пастию баландиҳо, мушкилоту проблемаҳо ва дастоварду пирӯзиҳои зиёдеро дидааст. Имрӯз он зери сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як ташкилоти тавоное табдил ёфтааст.

Ин аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  имрӯз бидуни шакку шубҳа сернуфузтарин, фаъолтарин ва қавитарин нерӯи сиёсии кишвар маҳсуб меёбад.

Тавре маълум аст, ҳизби сиёсӣ дар сурате нуфузу эътиборашро устувор мегардонад, ки ормонҳои худро на дар рӯи қоғаз, балки дар амал пешкаши халқ  кунад.

Ҳизби мо дар тӯли беш аз чаҳоряк аср бо шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” зери роҳбарии хирадмандонаи Раиси маҳбубамон дар роҳи ташаккули миллат, эҳёи фарҳанг ва бунёди давлати мустақил корҳои азимеро анҷом дода, барои расидан ба мақсадҳои наҷиби ватандорӣ барномаҳои зиёдеро амалӣ карда истодааст. Нақш ва саҳми Раиси муаззами ҳизб, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлати воқеан ҳам соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ беназир ва таърихист.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  чун нерӯи тавонбахш масъулияти худро барои имрӯзу фардои Ватану миллат ва таъмини зиндагии шоистаи мардум хуб дарк намуда, бо пиёда сохтани ҳадафҳои Барномавии худ барои татбиқи мақсадҳои бунёдкоронаи давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Тавре дар Барономаи он омадааст – Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон , ки мафкураи сиёсию иҷтимоии онро аксарияти мардум тарафдорӣ мекунанд, тавонист дар бартараф намудани ихтилофҳои дохилӣ, барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳифзи истиқлолияти Тоҷикистон, ислоҳоти сиёсию иқтисодӣ, бунёди танзиму сохторҳои гуногуни давлати навини тоҷикон саҳми муҳими арзанда гузорад.

Вазъи имрӯзаи сиёсии кишвар аз ҳарвақта дида бештар тақозо менамояд, ки ҳар як аъзои ҳизб садоқати худро ба ғояҳои волои он нишон дода, нерӯи ҷисмониву зеҳнии худро ба ҳифзи дастовардҳои соҳибистиқлолӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии мамлакат равона созад.

Баробари ин масъулияти таърихие, ки ҳизб дар назди ҷомеа дорад, ҳар як аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вазифадор менамояд, ки аз рӯйдодҳои муҳими сиёсии кишвар ва хориҷи он воқиф бошад ва ба он баҳои сиёсӣ дода тавонад.

Дар марҳилаи омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  ба роҳи тайнамудаи кишвари азизамон нигариста, қаноатмандии бузургро эҳсос намуда, бо ифтихор бояд гуфт, ки ҳизби мо ифтихори мо аст.

Ҷашнгирии 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  моро водор менамояд, ки бори дигар ба гузаштаи худ дида дӯхта, аз сабақи бардоштаи хеш натиҷа гирем ва дар зери ғояҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  танҳо барои пешбурди сиёсати давлатамон, рушду нумӯи кишвар ва дар маҷмӯъ баланд бардоштани сатҳи зиндагии ҳар як сокини Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошем.

 

Дилором Убайдуллоева - мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров                          

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.